Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Синойи Миср 24 корманди пулисро ба қатл расонданд


Нируҳои амниятии Миср дар нимҷазираи Синой
Нируҳои амниятии Миср дар нимҷазираи Синой
Дар нимҷазираи Синойи Миср дар ҳамлае аз камин дастикам 24 корманди пулис ба қатл расидааст. Ин ҳамла рӯзи душанбе сурат гирифт ва дар марзи Ғазза бо Рафаҳ рух дод. Қабл аз ин ҳодиса рӯзи якшанбе дар мошини пулис дар наздикии шаҳри Қоҳира 36 боздоштшуда ҷон бохтанд.

Пулис мегӯяд, боздоштшудагон талош кардаанд по ба фирор ниҳанд ва барои пешгирӣ аз фирори онҳо ба дохили мошин, ки ба вагон шабоҳат дорад, гази ашковар партофтаанд.

Аз сӯи дигар, вакили мудофеи Ҳуснӣ Муборак-раиси ҷумҳури пешини Миср мегӯяд, ки мумкин аст зерҳимояти вай ҳамин ҳафта аз зиндон раҳо шавад, зеро рӯзи душанбе иттиҳоми вайро дар бораи ришвахорӣ бекор кардаанд.
XS
SM
MD
LG