Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ховалинг 20 кас ба брутселёз гирифтор шуданд


Дар ҷамоати Лоҳутии ноҳияи Ховалинг 20 нафар сокинон ба бемории буғумдард ё худ брутселёз гирифтор шудаанд. Одина Орзуев, директори Маркази саломатии ин ҷамоат ба Радиои «Озодӣ» гуфт, бинобар набудани шароити табобат дар ҳудуди ноҳия давоми як моҳи ахир ин нафарон барои табобат ба бемористонҳои Кӯлоб ва Душанбе фиристода шудаанд. Ӯ гуфт, аксари гирифторони бемории буғумдард мардони аз 30 сола болоро ташкил медиҳад.

-Ин беморие ҳаст, ки аз ҳисоби гушти ҳайвони бемор ва шири он ба инсон сироят мекунад. Бемории сироятии гузаранда аст. Инсон пас аз сироят ёфтан таб мекунад. Ба мо бо таби баланд сокинон муроҷиат карданд, ки дар ду моҳ зуд-зуд табашон баланд мешавад. Барои ташхис ба Кӯлоб фиристодем, маълум шуд, ки бемории буғумдард доштаанд. Ин беморӣ агар сари вақт пайдо ва табобат шавад, инсон зуд, шифо меёбад, -гуфт, Орзуев.

Раёсати Идораи кишоварзӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, воқеан, дар чор соли ахир бемории буғумдард дар ноҳияи Ховалинг афзош ёфтааст. Вафо Салоев, корманди ин Раёсат мегӯяд, гурӯҳи байторон дар навоҳии минтақаи Кӯлоб чорпоёнро санҷиш мекунанд ва он ҳайвоноте, ки бемории буғумдард доранд, ба соҳибонашон тавсия мешавад, то онҳоро ба корхонаҳои ҳасиббарорӣ бифурӯшанд.

-Гушти чунин ҳайвонотро дар дараҷаи баланд дар корхонаҳо мепазанд ва бемории буғумдардаш гум мешавад. Дар шароити хона дар таркиби гӯшт ин беморӣ боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, аз шаҳрвандон ҳам хоҳиш мешавад, то пеш аз куштани чорпоёнашон ба байторон муроҷиат кунанд,-гуфт, Салоев.

Тибқи иттилои расмӣ, дар ноҳияи Ховалинг дар маҷмӯъ шумораи гирифторони бемории буғумдард дар миёни сокинон ба беш аз сад нафар мерасад, ки ин шумора дар ягон ноҳияи дигари минтақа нест.
XS
SM
MD
LG