Пайвандҳои дастрасӣ

"Ғуломӣ" барои чаҳор муҳоҷир поён ёфт


Акс аз бойгонӣ.

Акс аз бойгонӣ.

Чаҳор сокини минтақаи Кӯлоб, ки дар Русия мавриди истисмори меҳнатӣ қарор гирифта буданд, озод шуда ва ба ватан баргаштаанд.

Маҳбуба Шарипова, сарвари созмони ҷамъиятии «Марям» мегӯяд, ин сокинон ба мӯҳлатҳои аз 1,5 то 3 сол дар Русия беномунишон будаанд ва пас аз муроҷиати наздиконашон ба ин созмон, ки дар ҳамкорӣ бо Созмони Умумиҷаҳонии Муҳоҷират муҳоҷирони гумшударо ҷустуҷӯ мекунад, онҳоро пайдо кардаанд.

-Аз шаҳодати онҳо бармеояд, ки мавриди истисмори меҳнатӣ қарор гирифтаанд. Бе пардохти ҳақи меҳнат дар шароити сангин кор фармуда шудаанд. Мо маводҳо омода карда, ба мақомоти Русия фиристодем ва мунтазирем, ки нисбат ба корфармоёне, ба ин чор муҳоҷир зулм кардаанд, чӣ чора мебинанд. Пас аз ин мо аз Созмони Умумиҷаҳонии муҳоҷират дархост мекунем, то онҳоро ҳамчун қурбонии меҳнати маҷбурӣ эътироф кунанд,-афзуд, Шарипова.

Соли гузашта созмони ҷамъиятии «Марям», ки дар минтақаи Кӯлоб бо афроди мавриди хариду фурӯш қароргирифта кор мекунад, 7 нафареро пайдо карда буд, ки дар Русия аз 1 то 5 сол ба меҳнати ғуломона фаро гирифта шуда будаанд.

Созмони Умумиҷаҳонии Муҳоҷират ин ҳафт нафарро, ки дар миёнашон занҳо низ буданд, қурбонии хариду фурӯш ва меҳнатӣ маҷбурӣ эътироф карда, бо пешниҳоди ин созмони маҳаллӣ ба хонаводаҳои онҳо кӯмаки молӣ расонидааст.

Аз Тоҷикистон тибқи иттилои расмӣ наздики як миллион сокин ҳар сол ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, аммо на ҳамеша онҳо имкони кори дуруст пайдо карданро доранд.
XS
SM
MD
LG