Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чӯпонҳо раҳо шуданд. Аз рама дараке нест


Се чӯпони панҷакентӣ, ки гӯсфандҳояшон тайи се моҳ аст, ки дар Узбакистон қарор доранд, ба Душанбе омада ва аз Вазорати умури дохилӣ хостанд, ки ба мушкили онҳо расидагӣ кунад. Истамбой Ҳайдаров, яке аз чӯпонҳои деҳаи Моғиён рӯзи душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, ки вай ҳамроҳи ду чӯпони дигар Тулибой Қурбонхоҷаев ва Рустам Ҳайдаров рӯзи шанбе ба пойтахт омаданд ва ду ариза ба Қасри президент дода, сипас ба қабули муовини вазири корҳои дохилӣ рафтанд.

Истамбой Ҳайдаров гуфт, «муовини вазир (номашро намедонанд) моро хеле хуб қабул карда гуфт, ки Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ва ноҳияи Панҷакент ҳамроҳ бо марзбонони вилояти Суғд бо мақомоти дахлдори Узбакистон музокира бурда истодаанд, ки зуд гӯсфандҳоро пас гардонанд».

Ба нақли Истамбой Ҳайдаров, пас аз раҳо шудани чӯпонҳо дар таърихи 22 июл, онҳо борҳо ба ҳукумати ноҳияи Панҷакент дар мавриди 1865 гӯсфанду 41 сар гови шохдор муроҷиат кардаанд, вале онҳо ба ҷуз ваъда, дар ин росто кӯмаке накарданд. Дар ҳамин ҳол Бобоҷон Муллоев, муовини раиси ноҳияи Панҷакент ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамаи чораҳоро ҷуста истодаанд, вале ҳанӯз хабари дақиқ дар мавриди гӯсфандҳо аз тарафи Узбакистон вуҷуд надорад.

Ҳанӯз дар моҳи 14 июни соли равон марзбонони Узбакистон 5 чӯпони сокини рустои Моғиён - Тӯлибой Қурбонхоҷаев, Рустам Ҳайдаров, Меҳриддин Шамсиддинов, Сӯҳроб Абдуллоев ва Довуд Ҳайдаровро бо рамаи гӯсфанду говашон дастгир карда, ба Узбакистон бурданд. Пас аз як моҳ мақомоти Узбакистон 5 чӯпонро раҳо карданд, вале то ҳол аз рамаи гӯсфандони онҳо дараке нест. Мақомоти тоҷик ба хотири раҳоии шаҳрвандони худ дар муддати як моҳи дар ҳабси Узбакистон қарор доштани онҳо бо сарҳадбонҳои узбак чанд маротиба гуфтушунид анҷом дода, ба озод намудани шаҳрвандони тоҷик хушбин буданд.

Тоҷикистон бо Узбакистон тақрибан 1400 километр марзи муштарак дорад, ки то имрӯз танҳо ҳудуди 80 дарсадаш таъйину аломатгузорӣ шудааст. Узбакистон ҳанӯз дар соли 2000 ба минакории марзҳояш бо Тоҷикистон шурӯъ кард. Аз ин марзи мушкил пайваста дар бораи ҳалокату ҷароҳат бардоштани шаҳрвандони ду кишвар дар майдонҳои минакоришуда ва боздошти афрод аз сӯи марзбонҳо гузоришҳо мерасанд.
XS
SM
MD
LG