Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ҳиндустон даҳҳо нафар зери чархҳои қатора монданд


Дар аёлати Биҳори Ҳиндустон қатора ба издиҳоми ибодатгарон бархӯрд, ки бар асари ин, ба иттилои пешакӣ, дасти кам 35 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд.Одамоне, ки зери чархҳои қатора монданд, баъд аз ниёиш дар як ибодатгоҳ аз роҳи оҳан убур мекарданд.

Баъд аз ин фоҷиа ибодатгарон вагонҳои қаторро ба оташ кашида, истгоҳи роҳи оҳанро ғорат карданд.

Ҳамасола дар Ҳиндустон бар асари садамаҳои гуногун дар роҳи оҳан ҳазорон нафар ба ҳалокат мерасанд.
XS
SM
MD
LG