Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳазорон суриягиҳо дар Курдистони Ироқ паноҳгоҳ ёфтанд


Рӯзҳои ахир тақрибан 15 ҳазор суриягиҳо аз хушунат ва даргириҳо миёни ҷонибдорон ва мухолифини раисиҷумҳур Башор Асад дар Ироқ панаҳ бурданд. Ба иттилои Идораи СММ дар умури паноҳандагон, мавҷи фирориён аз рӯзи панҷшанбеи гузашта ба ин сӯ афзоиш ёфт ва ҳазорон суриягиҳо ба минтақаи Курдистони Ироқ гузаштанд. Дар ҳамин ҳол бархе хабаргузориҳо навиштаанд, ки эҳтимолан задухӯрдҳо миёни мухолифини мусаллаҳи Димишқ ва курдҳо дар қаламрави Сурия боиси минтақаро тарк намудани мардум шудаанд.

Намояндаи Идораи СММ дар умури паноҳандагон Клэр Бурҷуа изҳор намуд, ки аз ин пеш нозирон дар ин минтақа ҳеҷ гоҳ чунин теъдоди бузурги фирориёнро мушоҳида накарда буданд.

Айни ҳол дар Ироқ беш аз 150 ҳазор сокинони кишвари ҳамсоя, ки дар манотиқи хушунатбори Сурия фирор кардаанд, сабти ном шудаанд. Дар маҷмӯъ аз оғози даргириҳо дар Сурия тақрибан 2 миллион аз суриягиҳо дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла, Урдун, Туркия ва Лубнон панаҳ бурдаанд.
XS
SM
MD
LG