Пайвандҳои дастрасӣ

42 дар сад сайёҳони русро пархошгар ва тарбиянодида гуфтанд


Як пурсиш дар байни сайёҳони аврупоӣ нишон дод, ки истироҳаткунандаҳоро бештар аз дигарон сайёҳони рус асабонӣ мекунанд. Ин пурсишро сомонаи британиявии “Зувер” дар байни 12 ҳазор истироҳткунанда аз 20 кишвари аврупоӣ анҷом додааст.

Ба навиштаи newsru.com ҳудудан 42 дар сади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки аз байни тамоми миллатҳои Аврупо дар вақти мураххасӣ онҳоро бештар аз ҳама русҳо нороҳат мекунанд. Бисёри пурсидашудаҳо сайёҳони русро "пурсарусадо", "дағал", "тарбиянодида" ва "пархошгар" тасвир карданд ва боз гуфтанд, ки онҳо дар буфет аслан навбатро риоя намекунанд.

Ба ғайри русҳо, ба гуфтаи истироҳаткунандаҳо, онҳо олмониҳо ва британиягиҳоро ҳам дӯст намедоранд. 17 дар сади пурсидашудаҳо сайёҳони олмонӣ ва 13 дар сад британиягиҳоро хуш надоштаанд. Аксари вокунишҳо аз Туркия ва Испания дастрас шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG