Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 38 маҳбус дар ошӯбе дар як зиндони Миср


Дар яке аз маҳбасҳои Миср рӯзи якшанбе ҳангоми саркӯбсозии ошӯби зиндониён 38 тан аз ҷонибдорони ҷунбиши “Ихвон-ул-муслимин” ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора хабаргузории Reuters бо такя ба мақомоти амниятии Миср хабар додааст. Хабаргузории France-Presse менависад, полис алайҳи зиндониёне, ки ҳангоми интиқол ба як маҳбаси воқеъ дар канори Қоҳира мехостанд фирор кунанд, аз гази ашковар истифода бурд.

Вазири дифои Миср генерал Абдул Фаттоҳ ас-Сиссӣ изҳор намуд, ки низомиён ба идомаи хушунат роҳ нахоҳанд дод ва дар баробари таҳдиди харобшавии кишвар хомӯш нахоҳанд монд. Ӯ аз ҷонибдорони раисиҷумҳури барканоршуда Муҳаммад Мурсӣ даъват кард, ки ба раванди тағйироти демократӣ дар Миср ҳамроҳ шаванд.

Аз ин пеш “Ихвон-ул-муслимин” бо далелҳои амниятӣ аз доир кардани тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ даст бардошт.

Бар пояи як хабари дигар аз Миср, дар нимҷазираи Синой афроди мусаллаҳ ду автобус бо кормандони полисро тирборон карданд. Дар натиҷа 25 тан аз ҳомиёни тартибот ба ҳалокат расиданд.Се нафар ҷароҳат бардоштанд. Ба гуфтаи мақомот, ҳамла дар наздикиҳои шаҳри Рафаҳ ба вуқӯъ пайваст.

Тайи чаҳор рӯзи ахир бар асари задухӯрдҳо дар Миср беш аз 830 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG