Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иди касбии табибон ва "интизориҳо"-и беморон


Пизишкони тоҷик дар ҳоле иди касбии худро таҷлил мекунанд, ки исми онҳо дар пайванд ба ҳар ҳодиса сари забонҳост.

Ахиран, ки дар ноҳияи Восеъ занонзании ду ҷарроҳ барои маблағи ҷарроҳӣ сурат гирифт, аҳволи гурӯҳе аз таббибонро ба намоиш гузошт.

Фасод, ҷиддӣ ба табобат фаро нагирифтани беморон аз ҷумлаи камбудиҳои пизишкон арзёбӣ мешавад, ки ҳамеша дар сархати расонаҳои хабарӣ қарор дорад. Аммо бо ин вуҷуд, дар ин рӯз, 18 август, яъне иди касбии пизишкон ва зодрӯзи Синоӣ бузург онҳо аз камбудиҳо сӯҳбат накарданд ва бештар дар мавриди муввафақиятҳои худ гуфтанд.

Икром Саидов, ординатори клиникии шӯъбаи ҷарроҳии рагҳои хунгарди беморхонаи шаҳраки тиббии Душанбе, ки навбатдорӣ мекард, ба Радиёи Озодӣ гуфт агарчӣ дар рӯзи ид ва истироҳат кор ҳам кунад, аммо рӯҳия идона дорад. Зеро ба қавли ӯ, ёру дӯстон ба табрикаш омаданд: «дар маркази мо нафароне, ки навбатдор нестанд дар хонаашон иситироҳат доранд, аммо азбаски мо навбатдор ҳастем, дар кор мебошем.»

Икром ҳамчунин гуфт, ки дар ин рӯз гурӯҳи хурде аз табибон кор мекунанд ва дар сурати лозим шудани кӯмак, ҳатман аз дигар шӯъбаҳо мутахассисон даъват мешаванд.

Баҳром Палвонов, бародари шафқат дар маркази колопроктологии шаҳраки тиббӣ.
Баҳром Палвонов, бародари шафқат дар маркази колопроктологии шаҳраки тиббӣ.
Аммо Баҳром Палвонов, бародари шафқат дар маркази колопроктологии шаҳраки тиббӣ гуфт, ки барои табибон дар ҳама гуна идҳо рӯзи корӣ аст: «Ҳамагӣ се нафар навбатдор ҳастем. Як табиб, бародари шафқат ва фаррош. Беморон зиёданд, аммо ба ин нигоҳ накарда мо кӯшиш мекунем навбатдориямонро хуб ба анҷом расонем».

Малика, ки пояшро ҷарроҳӣ карданд гуфт, агарчӣ дар рӯзи истироҳат ва ё ид аз сабаби набудани духтурон беморон маблағ камтар сарф кунанд ҳам, аммо дар ҳолати пайдо шудани зарурияте бояд табибро интизор шуд.

Ҳамасола 18 август иди касбии кормандони тиб ва зодрӯзи ҳаким ва файласуфи шинохта Абӯалӣ ибни Сино дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, ки имсол ба ин ҷашн боз ҷашни 1000-солагии китоби табибон «Алқонун фит тиб» рост омад.
XS
SM
MD
LG