Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тафтиши истифодаи силоҳи химиявӣ дар Сурия


Гурӯҳи муфаттишони СММ ба шаҳри Димашқ рафтааст, то истифодаи силоҳи химиявӣ аз сӯи ҷонибҳои даргири низои дохилии Сурияро тафтиш кунад.

Гурӯҳ рӯзи якшанбе ба Сурия расид ва пешбинӣ мешавад, ки тӯли ду ҳафта таҳқиқот пеш барад. Гурӯҳ аз 20 нафар иборат буда. Раҳбарии онро донишманди швед Аке Селстром бар дӯш дорад.

Вуруди гурӯҳ аз сабаби суръати сусти музокирот бо ҳукумати зери раҳбарии Башор ал-Асад чор моҳ таъхир ёфт. Ҷонибҳои даргири Сурияро ҳамдигарро бо истифодаи силоҳи химиявӣ муттаҳам мекунанд. Ин низоъ ҳаёти камаш 100 ҳазор нафарро аз байн бурдааст.

СММ талаб дошт, ки тахминан дар даҳ маокконро тафтиш кунад, вале мақомоти Сурия ба тафтиши фақат се мавзнъ иҷозат додаанд.
XS
SM
MD
LG