Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши оилаҳои нимҷазираи Корея эҳё мешавад


Кореяи Шимолӣ пешниҳоди Кореяи Ҷанубӣ дар мавриди эҳёи раванди ҳамоиши оилаҳои бар асари ҷанги солҳои 1950-53 ҷудошударо қабул кардааст.

Рӯзи якшанбе мақомоти Пхенян иброз доштанд, ки ҳамоиши оилаҳо 19-уми сентябр ҳангоми ҷашни иди Часеок доир мешавад. Сухангӯи телевизиони Кореяи Шимолӣ дар ин бора мегӯяд:

Ҳамоиши оилаҳои ҷудошуда бояд дар осоишгоҳи кӯҳии Кумганг дар арафаи иди Ҳасеук барпо шуда, ҳамоиши видеоии оилаҳо рӯзи 4-уми октябр дар рӯзи солгарди Эъломия доир мегардад.”

Ҳамоиши оилаҳои пароканда дар соли 2010-ум қатъ шуда буд. Намоядагони Салиби сурхи ду кишвар 23-уми август мулоқот намуда, тарзи ҳамоишро баҳс мекунанд.

Ҳафтаи гузашта ду Корея мувофиқат карданд, ки минтақаи саноатии Каесонгро, ки дар марзи миёни ду кишвар ҷойгир мебошад, аз нав фаъол кунанд.

Кор дар ин минтақа моҳи апрел дар авҷи бӯҳрони марбут бо озмоишҳои ҳастаии Кореяи Шимолӣ мутаваққиф шуда буд.
XS
SM
MD
LG