Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обхезии маргбор дар Чин


Обхезӣ дар шимолу шарқи Чин ҳаёти даҳҳо нафарро аз байн бурдааст. Рӯзи якшанбе хабаргузориҳои давлатии Чин хабар доданд, ки обхезии бузургтарини солҳои боиси фавти камаш 37 кас шудааст.

Дар вилояти Лиаонг 12 нафар ба ҳалокат расида, 32 каси дигар бе ному ниш аст. Талафоти ҷонӣ дар вилоятҳои Ҷилин ва Ҳелонҷианг низ ба қайд гирифта шудааст. Обхезӣ беш аз 2500 манзили зистро вайрон кард.

140 ҳазор сокини шимолу шарқи Чин ба ҷойҳои амн интиқол ёфтаанд. Тахмин шудааст, ки хасороти аз ин офати табиӣ ба як миллиарду 150 миллион доллар хоҳад расид.

Дар ҳамин ҳол манотиқи ҷанубу шарқии Чин аз хушксолӣ азият мекашанд.
XS
SM
MD
LG