Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдори Душанбе дастур додааст қарори раисони ноҳияҳо санҷида шавад


Шаҳрдори Душанбе дастур додааст қарори раисони ноҳияҳо дар мавриди тартиби рӯихати эҳтиёҷмандон барои гирифтани замини наздиҳавилигӣ санҷида шавад. Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ва ноҳияҳои Душанбе хостааст кори раисони ноҳияҳоро санҷиш кунанд то ба тақаллубкорие роҳ дода нашавад. Дар ин бора Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳри Душанбе хабар додааст. Ба гуфти манбаъ ин санҷишҳо аз болои қарорҳои раисони ноҳияҳои пойтахт барои тартиб додани рӯихати эҳтиёҷмандони замин барои сохтмони хона аз маҳаллаи «Ховарон» будааст. Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласае рӯзи шанбеи 17-уми август аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр хостааст то 23-уми август қарори раисони ноҳияҳоро санҷиш карда ба унвонии шаҳрдорӣ пешниҳод кунанд.

Гуфта мешавад ба 727 нафар шаҳрвандони эҳтиёҷманд, аз чаҳор ноҳияи пойтахт қитъаҳои замини масоҳаташ 3 сотих аз маҳаллаи «Ховарон» дар доираи нақшаи генералии тарҳрезишуда ҷудо карда шудааст. Тақсимоти он 27 августи соли 2013 тариқи қуръапартоӣ бо иштироки 727 нафар сокинони шаҳр доир мегардад.
XS
SM
MD
LG