Пайвандҳои дастрасӣ

СММ мисриҳоро ба мусолиҳа даъват кардааст


Ҳануз ҳам нигарониҳо аз вазъи Миср зиёданд, вале рӯзи якшанбе барои аввалин бор дар ҳафтаи равон бонкҳо дарҳои худро боз намуда, соҳибкорону тоҷирони мисрӣ ба кор баргаштанд.

Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун аз нооромиҳои ахири Миср нигарон шудааст. Дар изҳороте, ки шоми шанбе нашр шудааст, Бан аз ҷонибҳо даъват кардааст, ки эътироозҳои хушунатбор ва истифодаи аз ҳад зиёди нерӯро хотима бахшанд. Бан ҳамлаҳо болои калисоҳо, шифохонаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятиро маҳкум кардааст. Рӯзи шанбе нерӯҳои амниятии Миср масҷиди ал-Фатҳи Қоҳираро аз тарафдорони президенти барканоршудаи Миср Муҳаммад Мурсӣ поккорӣ намуданд.

Ин амал баъди муқовимати тӯлонӣ ва табодуи оташ сурат гирифт.
Дар эътирозҳои ҳафтаи равон, ки рӯзи чоршанбе баъди поксозии майдонҳои Қоҳира аз тарафдорони Мурсӣ оғоз ёфтаанд, камаш 750 нафар кушта шуда, ҳоло тарафдорони Мурсӣ дар саросари кишвар қиём кардаанд. Ҷунбиши Бародарони мусулмон ё худ Ихвонулмуслимин, ки Мурсӣ низ шомили он аст, таъкид кардааст, ки эътирозҳоро идома медиҳад. Ҳукумати Миср бошад, мегӯяд, ки роҳҳои қонунии манъи фаъолияти Ихвонулмуслиминро баррасӣ дорад.
Сарвазири муваққати Миср Ҳозим ал-Бабловӣ иброз доштааст, бо афроде, ки қонунро зери по кардаанд, мусолиҳа нахоҳад шуд:

“Бо онҳое, ки дасташон олудаи хун аст, оштӣ нахоҳем кард. Бо онҳое, ки зидди давлату мардум силоҳ бардоштаанд, оштӣ нахоҳад шуд. Бо онҳое, ки қонунро пйомолд мекунанд, мусолиҳа нахҳоем кард.”

Рӯзи шанбе дар Миср ягон ҷамъомади бузурги мухолифин ҷой надошт. Вазорати корҳои дохилии Миср мегӯяд, баъди эътирозҳои рӯзи ҷумъа беш аз 1000 унсурҳои марбут бо Ихвонулмуслимин боздошт шудаанд. Гурӯҳ мегӯяд, мақомот духтарону писарони раҳбарони Ихвонулмуслиминро ҳадаф қарор додаанд, то рӯи раҳбарони ин ҷунбиш нуфуз пайдо кунанд.

Хабаргузориҳои Миср навиштаанд, ки 250 пайрави Ихвонулмуслимин бо куштор, кӯшиши куштор ва терроризм айбдор мешаванд.

Ҳукумати Миср барои як моҳ вазъи фавқулода ва қуйуди шабгардӣ ҷорӣ кардааст. Акнун кӯчаҳҳои одатан серодами шаҳрҳои Миср шомгоҳ холӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG