Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин дар дувумин Бозиҳои осиёии наврасон пешсаф аст


Бозиҳои дувуми осиёии наврасон бо ширкати варзишгарони 45 кишвар дар шаҳри Нанҷинги Чин идома доранд.

Ба барномаи Бозиҳо 17 риштаи варзиш дохил аст. Баъди ҷамъбасти мусобиқот дар рӯзи аввали Бозиҳо намояндагони 13 кишвар соҳиби медалҳо гардидаанд. Варзишгарони се кишвар – Чин, Кореяи Шимолӣ ва Узбакистон медалҳои тилло ба даст овардаанд.

Дар ҳисоби умумидастаи мунтахаби Чин бо касби 6 медал (3 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) дар мақоми аввал аст. Кореяи Шимолӣ бо 3 медали тилло дар ҷойи дувум қарор дорад. Узбакистон бо як медали тилло ва як биринҷӣ дар ҷойи севум мебошад. Миёни кишварҳое, ки дар рӯзи аввали мусобиқот бо медалҳо мукофотонида шудаанд, Тайланд (2 нуқра), Кореяи Ҷанубӣ, Малайзия, Тайван ва Вйетнам – ҳар кадом 1 медали нуқра ҷойгир шудаанд.

Варзишгарони Ҳиндустон, ки таҳти парчами Кумитаи байналмилалии олимпӣ ҳунарнамои мекунанд, 2 медали биринҷӣ гирифтаанд. Дарвоқеъ, Кумитаи байналмилалии олимпӣ фаъолияти Кумитаи миллии олимпии Ҳиндустонро ба иллати дахолати ҳукумати ин кишвар ба созмони ҷамъиятӣ муваққатан боздоштааст.

Инчунин чаҳор кишвари дигар – Ҳонконг, Ҷопон, Қазокистон ва Муғулистон яктои медали биринҷӣ ба даст овардаанд.

Ёдовар мешавем, ки ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 9 варзишгар (5 писар ва 4 духтар) шомиланд. Варзишгарони тоҷик дар 4 ришта – вазнабардорӣ (1 писар), варзиши сабук (1 писару 1 духтар), дзюдо (3 писару 2 духтар) ва шиноварӣ (1 писар) ҳунарнамоӣ мекунанд.

Нахуст рӯзи шанбеи 17-уми август варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи дзюдо ширкат карданд. Раҳматуллобек Фарҳодов дар рақобатҳо дар вазни то 55 кг миёни писарон дар даври аввал ноком шуд. Вай қувваозмоиро ба рақибаш Анатолий Дураченко аз Қазоқистон бохт ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Дар вазни то 55 кг миёни писарон Достон Рӯзиев аз Узбакистон ғолиб шуд ва ба кишвараш медали тилло овард. Тае Чонг Ли (Кореяи Ҷанубӣ) бо медали нуқра, Анатолий Дураченко (Қазоқистон) ва Тушигтур Зембе (Муғулистон) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Шукрона Қарчиева.
Шукрона Қарчиева.
Намояндаи дигари Тоҷикистон Шукрона Қарчиева дар мусобиқаи дзюдо миёни духтарон дар вазни то 44 кг дар даври аввал бар варзишгари Индонезия Анггун Нураҷиҷаҳ пирӯз шуд. Вале баъдан аз Уляна Назарова аз Туркманистон ва Аида Карчаева аз Қазоқистон мағлуб гашт ва дар ҷамъбаст мақоми 7-умро касб намуд.
Дар вазни то 44 кг миёни духтарон О Сонҳуи (Кореяи Шимолӣ) ба унвони қаҳрамони Бозиҳо даст ёфт ва медали тилло гирифт. Ван-Чу Лин (Тайван) барандаи медали нуқра, Кабита Деви Монгчам (AOI – Independent Olimpic Athletes) ва Диёра Келдиёрова (Узбакистон) барандагони медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Шоми дирӯз, 17-уми август мусобиқаи вазнабардорӣ баргузор шуд. Дар ин навъи варзиш Тоҷикистонро Суннатулло Оев дар вазни то 56 кг намояндагӣ кард. Вай дар дуҳарба бо натиҷаи умумии 185 кг (85+100) дар байни 18 нафар ҷойи 9-умро соҳиб шуд.

Дар ин мусобиқаи вазнабардорӣ дар вазни то 56 кг Феёнг Чи (Чин) бо натиҷаи умумии 239 кг ғолиб гардид ва медали тилло гирифт. Тран Анҳ Туан Нгуен (Вйетнам) бо натиҷаи 235 кг дувум ва Лалчҳанҳима ТВС (AOI) бо натиҷаи 228 кг севум шуданд.

Рӯзи якшанбеи 18-уми август боз ду нафари дигар аз Тоҷикистон - Баҳринисо Бобиева (-52 кг) ва Расул Саидов (66 кг) дар риштаи дзюдо вориди рақобат мешаванд. Дар ин намуд Фаррухи Салим рӯзи душанбеи 19-уми август ба қувваозмоӣ дар вазни то 81 кг шурӯъ хохад кард.

Дар мусобиқаи варзиши сабук, ки шоми душанбеи 19-уми август барпо мегардад, Меҳрангез Назарова дар давидан ба масофаҳои 800 метр ва 1500 метр ширкат меварзад. Зоир Шералиев бошад, шоми сешанбеи 20-уми август дар сабқати гурзандозӣ иштирок мекунад. Варзишгари нуҳуми Тоҷикистон Карина Климок рӯзҳои 21-22-юми август дар мусобиқаи шиноварӣ ба масофаҳои 50 метр ва 100 метр бо тарзи озод миёни духтарон ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG