Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти пешвои дигари қочоқчиён дар Мексика


Дар Мексика боз як раҳбари шабакаи ҳамлу нақли маводи мухаддир дастгир шуд. Расонаҳои маҳаллӣ навиштаанд, ки рӯзи шанбе дар вилояти шимолии Тамаулипас Марио Рамирес Тревино ба ҳабс гирифта шуд.

Рамирес бо лақаби Х-20 буда, шабакаи қочоқчиёни кокаинро раҳбарӣ мекард. Ҳукумати ИМА барои боздошти Рамирес 5 миллион доллар ваъда додааст. Тахминан дар як моҳи ахир дар Мексика ду раҳбари шабакаҳои ҳамлу нақли маводи мухаддир дастгир шуданд.

Дар шаш соле, ки президенти пештараи Мексика Фелипе Калдерон амалиёт бар зидди шабакаҳои ҳамлу нақли маводи мухаддирро пеш бурд, дар ин кишвар камаш 70000 кушта шуданд.

Аз моҳи декабр вақте Пена Нието сари қудрат омад, дар Мексика дар ҷанг бо шабакаҳои ҳамлу нақли маводи мухаддир камаш 6000 нафар ҷон додаанд.
XS
SM
MD
LG