Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон 18000 сентрифуга уран насб кардааст


 Фаридун Аббосӣ-Давонӣ

Фаридун Аббосӣ-Давонӣ

Рӯзи шанбе собиқ раҳбари барномаи ҳастаии Эрон Фаридун Аббосӣ-Давонӣ гуфт, Эрон 18000 сентрифугаи ғанигардонии уран насб кардааст.

Хабаргузории ИСНО аз нақли Аббосӣ-Давонӣ иқтибос овардааст, ки Эрон 17000 сентрифургаи насли аввал дорад, ки аз ин байн 10000 фаъол буда, 7000 омода ба истифода мебошанд.

Ӯ ҳамчун илова кард, ки Эрон 1000 сентрифугаи насли нав дорад, ки дар муқоиса бо сентрифугаҳои насли аввал бо суръати хеле бештар уранро ғанӣ мегардонанд.

Президенти нави Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ собиқ раиси ҳайати музокиракунандаи барномаи ҳастаии Эрон аст, ӯ Алӣ Акбар Солеҳӣ-собиқ вазири корҳои хориҷии Эронро ба мақоми раиси созмони нерӯи ҳастаии Эрон пешбарӣ кардааст.

Кишварҳои ғарбӣ хавф доранд, ки ҳадафи аслии барномаи ҳастаии Эрон тавлиди силоҳи ҳастаӣ мебошад.

Вале ҷумҳурии исломӣ борҳо таъкид кардааст, ки барномаи ҳастии ин кишвар ҳадафҳои мулкӣ дорад.
XS
SM
MD
LG