Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарохонди роҳпаймоии ҷонибдорони Мурсӣ


Ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ, расии ҷумҳури сарнагуншудаи Миср ва гурӯҳи Ихвоналмуслимин гуфтаанд имрӯз якшанбе 18-уми август бори дигар ба эътирозот ва роҳпаймоии худ идома медиҳанд. Фарохонд ба роҳпаймоӣ пас аз он мунташир мешавад, ки нерӯҳои амниятӣ ва артиши Миср рӯзи шанбе ба масҷиди муҳосирашудаи Қоҳира, ки дар он эътирозгарони исломӣ ҷамъ шуда буданд, ворид шудаанд. Рӯзи шанбе иттилоъ пахш шуд, ки нерӯҳои амниятӣ бахше аз масҷиди ал-Фатҳро аз пайравони ҷунбиши Бародарони мусулмон ё худ Ихвонулмуслимин поккорӣ кардаанд. Вазорати беҳдошти Миср мегӯяд, бар пояи омори ахир рӯзи ҷумъа дар эътирозҳои тарафдорони президенти барканоршудаи ин кишвар Муҳаммад Мурсӣ камаш 173 кас ҳалок шудаанд.
XS
SM
MD
LG