Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯҳонӣ: "сиёсати хориҷӣ ҷои шеъру шиоргӯӣ нест!"


 Ҳасани Рӯҳонӣ

Ҳасани Рӯҳонӣ

Президенти нави Эрон даъват кардааст, ки сиёсати хориҷии кишвараш аз шиорҳои холӣ озод бошад.

Ҳасани Рӯҳонӣ, ки дар интихоботи президентии 14-уми июн пирӯз шудааст, иброз доштааст, ки сиёсати хориҷӣ ҷои шеъру шиоргӯӣ нест.

Рӯзи шанбе бо иштироки Ҳасани Рӯҳонӣ дар Теҳрон маросими муаррифии вазири нави умури хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф баргузор шуд.

Рӯҳонӣ ҳамчунон иброз дошт, ки “дар сиёсати хориҷӣ иштибоҳ барои миллат бисёр сангин хоҳад буд ва агар дар сиёсати хориҷӣ мавзеъгирии хато сурат гирад, аз ҷайби мардум харҷ шудааст ва бояд посухгӯӣ миллат буд”.

Президенти нави Эрон мегӯяд, ӯ сиёсати муътадилро пеш гирифта, саъй хоҳад кард, ихтилоф бо кишварҳои саноатиро бартараф намояд.
XS
SM
MD
LG