Пайвандҳои дастрасӣ

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Компютеру Интернет -роҳ ба сӯи “ҷунуни рақамӣ”?


Оё сайр дар Интернет барои ташшаккули ақли инсон хуб аст, ё бад? Кӯдакон аз кай бояд ба истифодаи компютер шурӯъ кунанд?

Баҳси доғе дар ин замина ҳоло миёни асабшиносон идома дорад, ки як қисмашон мегӯянд, фанновариҳои рақамӣ монеъи ташаккули ақл мешавад, қисми дигар онро барои такомули ҳуши инсон муфид мешуморанд.

Дар Куриёи Ҷанубӣ, ки 95 дар сади мардумаш ба Интернет дастрасӣ доранд, ҷавонони зиёди аз 20 то 30-сола бо аломатҳои беморие пайваста ба табибон муроҷиат мекунанд, ки хоси калонсолон аст. Аломатҳои беморӣ ҳам фаромӯшхотирӣ, тамаркузи нокофӣ ва бехобӣ аст ва табибони Куриёи Ҷанубӣ онро бемории “ҷунуни рақамӣ” (digital dementia) ном гузоштаанд.

Ба гуфтаи табибон, сабаби ин “дардҳои” ҷавонон, муддати тулонӣ нишастан пеши компютеру телевизиону бозиҳои компютерӣ, истифодаи зиёди телефонҳои ҳушманд ва аз ин қабил фанновариҳои рақамист. Ҳарчанд то кунун касе маълум накардааст, ки дар Куриёи Ҷанубӣ чанд дар сади ҷавонон ба “ҷунуни рақамӣ” мубтало шудаанд. Аммо зуҳуроти мазкур ба баҳси доғи асабшиносон дар бораи зарару манфиати фанновариҳои рақамӣ равған рехтааст.

Манфред Спитзер, мудири бахши равоншиносӣ дар Донишгоҳи Улми Олмон, дар ҷабҳаи донишмандоне қарор дорад, ки истифодаи беш аз ҳади компютерро барои рушди мағзу ақли кӯдакон зараровар мешуморанд.

"Манзури ман 5 дақиқа дар як рӯз истифода кардан нест. Манзури ман ин аст, ки дар Олмон ба ҳисоби миёна дар як рӯз ҳафтуним соат аз фанновариҳои рақамӣ истифода мекунанд. Мо ҳар қадр мағзи худро кор фармоем, ҳамон қадар тағйир мекунад. Аз ин рӯ ҳар қадар мағзи худро барои фанновариҳои рақамӣ кор фармоем, ҳамон қадар мағзи шуморо ба самти бад тағйир медиҳанд."

Манфред Спитзер, ки соли гузашта китоберо бо номи “Ҷунуни Рақамӣ” нашр кард мегӯяд, мағзи инсон ҳангоми кӯдакӣ ва наврасӣ фавқуллода нарму “қолабпазир” аст. Дар ин айём кӯдак ҳар навъ ки мағзашро кор фармуд, ҳушаш ҳамон навъ “қолаб” мегирад ва дар калонсолӣ дигар тағйир намекунад. Ба ҳамин хотир ба гуфтаи донишманди олмонӣ, муҳим аст, ки дар айёми шаклпазирии асаб, дар зиндагии рӯзмарра бо муошират, даст расондану эҳсос кардан ва рӯ ба рӯ омадан ба мушкилоту ҳалли он аз тамоми тавоноии мағз истифода кунанд. Аммо мегӯяд, Манфред Спитзер, кор дар ҷаҳони маҷозӣ мағзро камтар таҳрик медиҳад ва барои инкишофи комили он мусоидат намекунад.

"Вақте шумо мушакро ба рӯи чизе мебаред ва он ашёро ба даст намегиреду ламс намекунед, ҳангоми омӯхтани он ашё тақрибан сеяки тавоноии мағзи худро ба кор намебаред. Яъне дастони шумо бояд кореро иҷро кунанд. Вақте инсон сеяки мағзашро барои омӯхтан кор намефармояд, пас дар оянда вақте дар бораи чизе фикр мекунад, ҳамон сеяки мағзашро кор намефармояд."

Ба гуфтаи Манфред Спитзер, табдили зуд-зуди вебсайтҳо ҳангоми сайр дар Интернет ва ё тағйири зуди аксҳо дар бозиҳои компютерӣ, тавоноии мағзи инсон дар шинохт ва аз бар карданро заъиф мекунад. Масалан дар Амрико як назархоҳӣ нишон додааст, ки корбарони интернет ҳадди аксар 5 дақиқа дар як вебсайт мемонанд ва сипас ба саҳифаи дигар мегузаранд. Бо назардошти ҳамаи ин Манфред Спитзер истидлол мекунад, ки бояд то замони ташаккули комили мағзи наврасон нагузоранд, ки онҳо аз фанновариҳои рақамӣ бисёр истифода баранд. Ӯ комилан мухолифи он аст, ки бачаҳои то 17-сола дар мактаб аз компютер истифода кунанд.

Аммо баръакс баъзе дигар аз асабшиносон мегӯянд, ки фанновариҳои рақамӣ дар инкишофу ақлу ҳуши инсон кӯмак мекунанд. Аз ҷумла Дафне Бавилйер, асабшинос ва профессори Донишгоҳи Женева, ки таъсири бозиҳои компютерӣ ба инкишофи ақлу ҳуши инсонро меомӯзад. Ба эътиқоди ӯ, чунин бозиҳо қобилияти корбарон дар омӯхтану таммаркуз ва иҷрои чанд кор дар як замонро инкишоф медиҳанд.

"Бозиҳои ҷангии компютерӣ чанд таркиби воқеан қавӣ барои қолабгирии мағз, омӯзиш, тамаркуз, биниш ва ғайраро доранд. Аз ин рӯ мо ин таркибҳоро меомӯзем, то бозиҳои хубтар барои таҳсил ва ё эҳёи равонии беморон омода созем."

Ба гуфтаи Дафне Бавилйер, таҳқиқоти ӯ нишон додааст, бачаҳое, ки бозиҳои компютерӣ мекунанд, дар ташхиси аксҳои норушан қобилияти беҳтар доранд, ашёи дар ҳоли ҳаракатро зудтар радёбӣ мекунанд, ки ин қобилият барои масалан ронандагӣ бисёр муфид аст. Дафне Бавилйер мегӯяд, таҳқиқи ӯ ҳамчунин нишон додааст, ки бозиҳои компютерӣ сабаби камтаваҷҷӯҳӣ ва парешонхотирӣ дар бачаҳо намешавад. Муҳимтар аз ҳама ба гуфтаи хонум Бавилйер риояти эътидол дар бозиҳои компютерӣ ва сайр дар Интернет аст ва набояд соатҳои дароз пеши он нишаст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG