Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари мақоми баландпояи СММ ба Кӯлоб


Намояндаи баландпояи Созмони Миллали Муттаҳид зимни як сафари худ ба Тоҷикистон ба фаъолияти 17 солаи ин созмон дар Кӯлоб ошно шуд. Ребекка Гринспен, муовини дабири кулли СММ, ки шанбеи 17 август пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба шаҳри Кӯлоб сафар кард, фаъолияти барномаи Рушди СММ дар навоҳии Кӯлобро самаранок арзёбӣ кард.

Абдулло Гулиев, раҳбари рушди барномаи СММ дар минтақаи Кӯлоб дар сӯҳбат ба Радиои «Озодӣ» гуфт, барномаҳои Созмони Миллал дар минтақаи Кӯлоб 17 сол инҷониб амали мешаванд, ки то кунун барои амали гардонидани онҳо беш аз 500 лоиҳа ба маблағи зиёда аз даҳ миллион долари амрикоӣ сарф гардидааст. Ӯ гуфт: «Самти асосии лоиҳаҳое, ки иҷро шудаанд ин беҳтар намудани иқтисодиёти маҳал ва паст кардани сатҳи камбизоати мебошад. Барномаҳое, ки дар кам кардани камбизоати ва беҳдошти иқтисодиёти маҳал равона шудаанд дар самти иқтисодиёт, хоҷагии қишлоқ, барқарор кардани мактабу беморхонаҳо, дастрасии мардум ба оби нӯшиданӣ, дастрасии мардуми деҳот бо қарзҳои хурди имтиёзнок ва дар самти нест кардани бемории вараҷа равона шудааст »

Ҳамчунин гуфта мешавад дар барномаҳои рушди Созмони миллал дар минтақаи Кӯлоб пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқуллода, амсоли селу обхезиҳо низ роҳандозӣ шудаанд. Тавре ҷаноби Гулиев гуфт: «Давоми ду соли охир яке аз лоиҳаҳое, ки иҷро кардем дар ду ноҳия: Шӯрообод ва Ҳамадони роҳандозӣ шуд. Чор синфхона ва ду толори варзишӣ ва маҷлисгоҳ дар ноҳияи Ҳамадонӣ ва як бинои дорои чор синфхона дар деҳаи Саричашмаи Шӯрообод сохта ба истифода додем, ки маблағи умумии онҳо 80 000 доллари амрикоиро ташкил медиҳанд.»


Гуфта мешавад дар асоси табдиқи лоиҳаи UNDP дар бораи пешгири аз бемории вараҷа дар соли 2012 дар минтақаи Кӯлоб ягон бемор ба қайд гирифта нашудааст. Зимнан, ин сафари аввалини хонум Ребекка ба Тоҷикистон мебошад, ки аз татбиқи тарҳҳои рушди барномаи СММ дидан кард. Ҳамчунин Ребекка Гринспен муовини котиби генералии СММ аз оромгоҳи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва корхонаи муштараки истеҳсоли шағал дар шаҳри Кӯлоб низ дидан намуд.
XS
SM
MD
LG