Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садамаи маргбор дар рӯди Иртиши Русия


Хабаргузориҳои Русия иттилоъ медиҳанд, ки дар рӯди Иртиш дар натиҷаи садамаи киштии мусофирбар бо киштии боркаш камаш 4 нафар фавтида, 35 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Сухангӯи вазорати вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия Ирина Россиус мегӯяд, садама рӯзи шанбе дар қаламрави вилояти Омск, воқеъ дар ҷануби минтақаи Сибир ба вуқӯъ пайваст.

Ба қавли номбурда ҷароҳатҳои даҳ нафар ҷиддӣ арзёбӣ мешавад. Ба қавли мақомоти Русия ронандаи киштии боркаш таҳти таъсири алкоҳол буда, хатти ҳаракаташро вайрон кардааст.

Рӯди Иртиш аз моҳи апрел то октябр барои интиқоли бор ва мусофирон истифода мешавад. Дар фасли сармо оби ин рӯд ях мекунад.
XS
SM
MD
LG