Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи 16-уми август дар шаҳри Нанҷинги Чин Бозиҳои дувуми осиёии наврасон шурӯъ шуданд.

Маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои олимпии наврасон дар варзишгоҳи сарпӯшидаи Нанҷинг шоми ҷумъа барпо гардид. Паҳлавони ҷавони тоҷик Фаррухи Салим, қаҳрамони Бозиҳои наврасони «Бачаҳои Осиё-2012», парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон буд.

Дар маросими кушоиши Бозиҳо, ки хеле ҷолибу шавқангез сурат гирифт, варзишгарони навраси 45 кишвари қораи Осиё ширкат доштанд. Ҳайати варзишии ҳар як кишварро, ки аз 11 нафар иборат буд, ҳазорхо тамошогарон гарму ҷӯшон истиқбол карданд.

Ҳозиринро бо ифтитоҳи Бозиҳо нахуст мизбонон - шаҳрдори Нанҷинг ва раиси Кумитаи олимпии Чин табрик гуфта, ба варзишгарони наврас муваффақият орзу намуданд. Сипас шайх Аҳмад Ал-Сабоҳ Ал-Фаҳад, раиси Шӯрои олимпии Осиё, суханронӣ карда, ба мизбонон ва онҳое, ки дар баргузории ин Бозиҳо заҳмат кашидаанд, изҳори сипос намуд. Баъдан беҳтарин варзишгарон парчамҳои Чин ва Шӯрои олимпии Осиёро барафрохта, машъали Бозиҳоро фурӯзон карданд. Шоу-барномаи рангини консертӣ бо ҳузури ҳунармандони маъруфи Чин пешкаши тамошогарон гардид.

Ёдовар мешавем, ки ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 9 варзишгар (5 писар ва 4 духтар) шомиланд. Ба барномаи Бозиҳо 17 риштаи варзиш дохил аст. Варзишгарони тоҷик дар 4 ришта – вазнабардорӣ (1 писар), варзиши сабук (1 писару 1 духтар), дзюдо (3 писару 2 духтар) ва шиноварӣ (1 писар) ҳунарнамоӣ мекунанд.

Нахуст рӯзи шанбеи 17-уми август варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи дзюдо ширкат карданд. Вале Раҳматуллобек Фарҳодов дар рақобатҳо дар вазни то 55 кг миёни писарон дар даври аввал ноком шуд. Вай қувваозмоиро ба рақибаш Анатолий Дураченко аз Қазоқистон бохт ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Намояндаи дигари Точикистон Шукрона Қарчиева дар мусобиқаи дзюдо миёни духтарон дар вазни то 44 кг дар даври аввал бар варзишгари Индонезия Анггун Нураҷиҷаҳ пирӯз шуд. Вале баъдан аз Уляна Назарова аз Туркманистон ва Аида Карчаева аз Қазоқистон мағлуб гашт ва дар ҷамъбаст мақоми 7-умро касб намуд.

Шукрона Қарчиева.

Шукрона Қарчиева.

Шукрона Қарчиева, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «ин дувумин мусобиқаи байналмилалист, ки ман ширкат меварзам. Аз ин пеш дар вилояти Твери Русия дар Ҷоми кушодаи Аврупо иштирок карда будам. Мо ду нафар духтарон – ман ва дугонаам Баҳринисо Бобиева аз ноҳияи Дарвоз мебошем, ки дар ин Бозиҳо ширкат дорем. Ман дар клуби варзишии «Вастан» чаҳор сол аст, ки ба дзюдо машғулам. Устодони ман мураббии варзида Аҳтам Раҷабов ва Ёдгоршоҳ Яқинов мебошанд. Ман аз ин мусобиқаи бузург бисёр чиз омӯхтам ва кӯшиш мекунам, ки дар оянда парчами Тоҷикистонро баланд бардорам. Боз ҳаминро гуфтаниам, ки мо дар Деҳаи бозиҳо барои варзишгарону мураббиён зиндагиӣ мекунем, ки тамоми шароитҳо фароҳам аст. Аз мизбонон барои меҳмоннавозиашон сипосгузорем.»

Шоми имрӯз, 17-уми август мусобиқаи вазнабардорӣ баргузор мешавад. Дар ин навъи варзиш Тоҷикистонро Суннатулло Оев дар вазни то 56 кг намояндагӣ мекунад. Рӯзи якшанбеи 18-уми август боз ду нафари дигар дар риштаи дзюдо – Баҳринисо Бобиева (-52 кг) ва Расул Саидов (66 кг) вориди рақобат мешаванд. Фаррухи Салим бошад, рӯзи душанбеи 19-уми август ба қувваозмоӣ дар вазни то 81 кг шурӯъ хохад кард.

Дар мусобиқаи варзиши сабук, ки шоми 19-уми август барпо мегардад, Меҳрангез Назарова дар давидан ба масофахои 800 метр ва 1500 метр ширкат меварзад. Зоир Шералиев бошад, шоми сешанбеи 20-уми август дар сабқати гурзандозӣ иштирок мекунад. Варзишгари нуҳуми Тоҷикистон Карина Климок рӯзҳои 21-22-юми август дар мусобиқаи шиноварӣ ба масофахои 50 метр ва 100 метр бо тарзи озод миёни духтарон ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG