Пайвандҳои дастрасӣ

Толибони афғон 14 фарди мулкиро ҳалок намуданд


Мансабдорони афғон мегӯянд, бар асари ду ҳамлаи ҷудогонаи Толибон дар ин кишвар камаш 14 фарди осоишта ба қатл расидаанд.

Ба қавли мақомоти вилояти ҷанубии Ҳилманд рӯзи шанбе дар натиҷаи бархӯрди мина бо як мошин дар ноҳияи Марҷа 5 фарди мулкӣ ба ҳалокат расиданд.

Пеш аз он дар вилояти ғарбии Ҳирот ҳамлаи ошӯбгарон боиси марги нуҳ бинокор шуд.

СММ таъкид мекунад, ки дар муқоиса бо шаш моҳи аввали соли гузашта дар Афғонистон ҳамлаҳои ошӯбгарон 23 дар сад афзоиш ёфтаанд.

СММ иброз доштааст, ки дар нимаи аввали соли 2013-ум дар Афғонистон бар асари бархӯрдҳо 1319 фарди мулкӣ ҳалок шуда, 2533 каси ҷароҳат бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG