Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИМА мавҷудияти озмоишгоҳи махфиро эътироф кард


Идораи ҷосусии ИМА (CIA)расман эътироф кард, ки дар биёбони аёлати Невада як озмоишгоҳи махфӣ бо номи “Минтақаи 51” вуҷуд дорад.

Солҳои тӯлонӣ мақомоти иктишофии ИМА ин иттилоъро пинҳон нигаҳ медоштанд, вале ахиран ба тақозои Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон посух дода, таърихи ин озмоишгоҳро ошкор намуданд.

Дар санадҳои нашршуда гуфта мешавад, ки Агентии марказии кашфи ИМА (CIA) дар солҳои панҷоҳуми қарни гузашта ба истифодаи пойгоҳ дар канори Грум Лейк шурӯъ намуда, озмоишҳои ҳавопаймои ҷосусии U-2 –ро дар ҳамон ҷо доир кардааст.

Дар гузашта ҳукумати ИМА аз тақдими хабар дар ин бора худдорӣ мекард. “Минтақаи 51” борҳо сабабгори овозаву тахминҳо дар бораи баргузории озмоишҳо бо киштиҳои кайҳонии хориҷӣ гардидааст.
XS
SM
MD
LG