Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Олӣ ба боздошти муовини раиси додгоҳи ВМКБ иҷозат дод


Даромадгоҳи Додгоҳи вилояти Бадахшон.

Даромадгоҳи Додгоҳи вилояти Бадахшон.

Додгоҳи Олӣ барои боздошт ва ба ҳабс гирифтани муовини раиси додгоҳи ВМКБ Ҳазратулло Иброҳимов, ки ба ришватситонӣ муттаҳам мешавад, санксия содир кард.

Ба гуфтаи манобеи раёсати Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ВМКБ, санксия пас аз он дода шуд, ки Додоҳи Олӣ асноди пешниҳодшударо омӯхта, муовини раиси додгоҳи вилоят барои идомаи бозпурсӣ ба Душанбе интиқол гардид.

Манобеи Оҷонсии мубориза бо коррупси изҳор доштанд, ки бо анҷоми таҳқиқи парванда, он ба Додгоҳи Олӣ ирсол мешавад, вале парванда дар маҳалли ҳодиса дар Хоруғ, ки бештари шоҳидон ҳам дар ин ҷо ҳастанд, баррасӣ хоҳад шуд.

Муовини раиси додгоҳи ВМКБ Ҳазратулло Иброҳимов субҳи 6-уми август дар утоқи кориаш ҳангоми ситондани ришват дар ҳаҷми 1000 долари амрикоӣ аз шаҳрванд Қаниев Қиматшо, аз сӯи кормандони Оҷонсӣ мубориза бо коррупсия дастгир шуд. Қаниев Қиматшо, собиқ директори яке аз макотиби ноҳияи Рӯшон соле қабл ба исрофкории маблағи буҷавӣ айбдор шуда, парвандааш барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол гардида буд. Аммо муовини раиси суди вилоят бар ивази пардохти ришва, ба собиқ директор ваъда кардаст, ки ӯро аз муҷозот озод мекунад.

Масъулини додгоҳи Бадахшон мегӯянд, ки парвандаи исрофкории собиқ директори мактаб дар дасти додрас Аҷиков қарор дошт ва бар ин боваранд, ки муовини раиси додгоҳи вилоят дар муносибат бо собиқ директори мактаб ба қаллобӣ роҳ додааст. Ба гуфтаи масъулини додгоҳи Бадахшон, боздошти муовини раиси додгоҳи вилоятӣ дар утоқи кориаш бо иттиҳоми ришватситонӣ барояшон ҳодисаи ғайриинтизор будааст, зеро як рӯз қабл аз ин ҳодиса, барои сафари хидматии оқои Иброҳимов ба Душанбе амр содир карданд.

Вале манобеи раёсати Оҷонсии мубориза бо коррупсия бар ин боваранд, ки оқои Ҳ. Иброҳимов дар симмати муовини раиси додгоҳи вилоят метавонист ба тақдири парвандаи собиқ директори мактаб таъсир гузорад ва бо сӯистифода аз ваколати мансабӣ, тамаъҷӯи ва ришватситонӣ кардааст.

Ба гуфтаи собиқ директори мактаб, вай хабар дошт, ки парвандааш дар дасти додрасӣ дигар қарор дорад, вале аз кашолакорӣ дар баррасии парванда ба танг омада, барои маслиҳат ва кӯмак ба муовини додгоҳи вилоят, ки чун мутахассиси пуртаҷриба шинохта мешуд, муроҷиат кард. Бо ваъдаи кӯмак расонидан, муовини раиси додгоҳи вилоят қаблан низ тамаъҷӯи кардааст, вале ахиран талаби пули калони ришват, собиқ директори мактабро маҷбур сохтааст, ки ба Оҷонсии зидди коррупсия муроҷиат кунад.

Ҳазраттуло Иброҳимов қаблан дар Додгоҳи олӣ фаъолият мекард. Ду сол қабл ҳамчун мутахасиси пуртаҷриба ба манзури таҳким бахшидани ҳайати додгоҳӣ ба Бадахшон фиристонда шуда, дар симмати муовини раиси суди вилоят кор мекард. Сокинони Хоруғ ин меҳмони суханвари доимии телевизиони Бадахшонро дар ёд доранд ки, дар мавриди адолат додгоҳӣ ва таъмини волоияти қонун баромад мекард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG