Пайвандҳои дастрасӣ

Тибқи гузоришҳо, дар тазоҳуроти «ҷумъаи хашм» садҳо ҳазор нафар аз ҳаводорони «Ихвонулмуслимин» дар Қоҳира ва дигар шаҳрҳои Миср даст ба раҳпаймоӣ заданд.

Тибқи ин гузоришҳо, дар ҷараёни ҳамлаи нерӯҳои амниятии Миср ба тазоҳуркунандагон даҳҳо нафар кушта шудаанд. Ба гузориши шабакаи «Алҷазира», дар ҷараёни ҳамлаи нерӯҳои давлатӣ ба ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ, раиси барканоршудаи Миср, дар майдони «Рамсис» дар Қоҳира, 95 тан ҷони худро аз даст доданд..

Дар ҳамин ҳол гузоришҳое дар бораи тирандозӣ ба сӯи масҷиди «Ал-Фатҳ» дар наздикии майдони Рамсис мунташир шудааст. Масҷиди «Ал-Фатҳ» маҳали нигаҳдорӣ ва табобати захмиҳои даргириҳои рӯзи ҷумъа дар ин майдон аст.
Шабакаи «Ал-ҷазира» гузориш додааст, ки нерӯҳои пулис ва артиш ҳоло барои ҳамла ба масҷиди «Ал-Фатҳ» омода мешаванд ва нерӯҳои худро дар атрофи он ҷобаҷо кардаанд.

Гузоришҳо аз он ҳикоят доранд, ки артиши Миср ба ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ ҳушдор додааст, ки майдони Рамсисро тарк кунанд. Тибқи ин гузоришҳо, тонкҳои артиш ва нерӯҳои аниятӣ ва теъдоде аз нерӯҳои вижа дар майдони Рамсис мустақар шудаанд.

Манбаъҳои бемористонӣ дар Искандария ба телевизоин «Нил» гуфтаанд, ки дар даргириҳои байни нерӯҳои амниятии Миср ва ҳаводорони Муҳаммад Мурсӣ дар ин шаҳр дар рӯзи ҷумъа, дастикам 16 нафар кушта ва 140 тан замхӣ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол «Ихвонулмуслимин» дар баёнияе аз ҳаводорони худ хостааст, то замони сарнагунии ҳукумати «кудато», аз рӯзи шанбе ҳар рӯз дар хиёбонҳо даст ба тазоҳурот бизананд. Ба гузориши хабаргузории "Ройтерз", дар ҷараёни эътирозоти рӯзи ҷумъа дастикам 100 нафар кушта шудаанд. Абдуллоҳ Абдулфаттоҳ, як шаҳрванди мисрӣ дар Қоҳира ба хабаргузории "Ройтерз" гуфтааст: «Мо аз майдонҳои шаҳр берун нахоҳем рафт ва дар баробари ҳуқуқҳои аз дастрафтаамон хомӯш нахоҳем нишаст». Абдулфаттоҳ гуфтааст, ки дар интихоботи гузашта дар Миср, ба «Ихвонулмуслимин» раъй надодааст.

Ин дар ҳоле аст, ки артиши Миср дар баёнияе эълом кардааст, ки нерӯҳои худро дар хиёбонҳо ва майдонҳои аслии шаҳр ҷобаҷо карда ва омода аст бо ҳар гуна таҳдиде, ки амнияти шаҳрвандони ин кишварро ба хатар биандозад, муқобила кунад. Вазорати умури дохилии ин кишвар пештар ба нерӯҳои интизомӣ ва амниятӣ дастур дод, то барои муқобила бо ҳамлакунандагон ба биноҳои давлатӣ, аз гулӯлаи ҷангӣ истифода кунанд.

Даври тозаи хушунатҳо дар Миср ба дунболи ҳамлаи нерӯҳои амниятӣ ва артиши Миср дар чаҳоршанбеи 14-уми август ба ду майдони маҳалли таҷаммӯи ҳаводорони Муҳаммад Мурӣ дар Қоҳира, оғоз шуд. Ин юриш ва даргирии нерӯҳои амниятӣ бо эътирозҳои пас аз он дар Қоҳира ва дигар манотиқ, садҳо кушта ва захмӣ ба ҷой гузошт. Вазорати тандурустии Миср аз беш аз ҳудуди 630 кушта дар даргириҳои рӯзи чаҳоршанбе сухан мегӯяд. Аммо гурӯҳи «Ихвонулмуслимин» мегӯянд, наздик ба се ҳазор нафар дар ин хушунатҳо кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG