Пайвандҳои дастрасӣ

Украина аз рафтори Русия шикоят мекунад


Ҳукумати Украина гуфт, аз амалкардҳои Русия ба Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ шикоят мекунад, ки ба тафтиши беш аз ҳадди гумрукии молҳои украинӣ пардохтааст. Игор Прасолов, вазири рушди иқтисодӣ ва тиҷорати Украина рӯзи ҷумъа гуфт, шикояти расмӣ ба Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ як роҳи ҳалли баҳс миёни ду кишвар аст. Андрей Белянинов, раиси Хадамоти Федеролии Гумруки Русия, рӯзи ҷумъа гуфт, тафтиши зиёди молҳо ва санадҳои тоҷирони украинӣ дар гумрук як роҳи монеъ шудан ба санадҳои тақаллубӣ аз Украина аст. Ба гуфтаи ӯ, тоҷирони украинӣ дар санадҳои худ, арзиши молу, кишвари тавлид ва теъдоди молҳои воридотиро нодуруст менависанд. Қарор аст, мақомоти расмии Украинаву Русия рӯзи душанбе сари ин мавзӯъ гуфтугӯ кунанд. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва ҳамтои украинии ӯ Виктор Янукович, рӯзи ҷумъа дар бораи мушкилоти мавҷуд миёни ду кишвар гуфтӯгу кардаанд, вале ҷузъиёти он нашр нашуд. Баъди онки, молҳои зиёди украинӣ дар марзи Русия дармонд, Украина ҳам воридоти гандум аз минтақаҳои аслии ғаллапарвари Русияро манъ кард.
XS
SM
MD
LG