Пайвандҳои дастрасӣ

Дар хушунатҳои Миср 50 тан кушта шудаанд


Дар тазоҳуроти нави тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср, дар шаҳри Қоҳира дасти кам 50 тан кушта шудаанд. Ҳазорон нафар аз пайравони созмони Ихвонулмуслимин рӯзи ҷумъа ба хиёбонҳои Қоҳира ва дигар шаҳрҳои Миср рехта ва аз саркӯби ахири ҳамақидаҳояшон эътироз карданд. Бино ба гузориши расонаҳои ғарбӣ, танҳо дар майдони Рамзес маҳалли аслии тазоҳурот дар Қоҳира 11 нафар кушта шуданд. Дар се шаҳри дигар Искандарияву Исмоилия ва Домиёт дар маҷмӯъ 16 нафари дигар ба ҳалокат расидаанд. Созмони Ихвонулмуслимин рӯзи ҷумъаро "рӯзи хашм" эълон кард ва аз мардум хост, ки ба нишони эътироз аз қатли садҳо тарафдори он дар рӯзи чаҳоршанбе ба хиёбонҳо бароянд. Ба гуфтаи мақомоти расмии Миср ҳангоми барчидани урдӯгоҳҳои тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ ва даргириҳо 620 нафар кушта шудаанд. Созмони Ихвонулмуслимин мегӯяд, теъдоди қурбониён аз 2 ҳазор нафар ҳам бештар будааст.
XS
SM
MD
LG