Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон Кодекси граждании нав қабул мекунад


Маркази миллии қонунгузории Тоҷикистон бо муроҷиат ба мардум аз онҳо хостааст, барои такмили Кодекси шаҳрвандӣ, ки таҳияи тарҳи нави он идома дорад, назару андешаҳои худро бифристанд. Дар муроҷиати марказ, ки дар торнамои он нашр шудааст, омадааст, бар тибқи амри раиси ҷумҳур аз моҳи гузашта, гурӯҳи корие машғули таҳияи тарҳи нави Кодекси гражданӣ аст ва “аз ҳамагон хоҳиш менамоем, ки фикру дархостҳои худро ҷиҳати такмили ин кодекс”, аз ҷумла аз тариқи имейли kodeksimadani@mail.ru ба марказ ирсол намоянд. Кодекси гражданӣ ва ё шаҳрвандии Тоҷикистон соли 1999 қабул шудааст ва то кунун онро борҳо таҳрир кардаанд. Қонунҳои шаҳрвандӣ, муносибатҳои оилавӣ, корӣ, ҳуқуқ бар моликият, аҳдномаҳои байниҳамдигарӣ ва ҳуқуқи дигари шаҳрвандро танзим мекунанд ва усулҳои аслии ин санадҳо, манъи дахолат ба кору зиндагии хусусӣ, риояти ҳуқуқи мадании мардум аст. Қарор аст, моҳи майи соли оянда гурӯҳи кории Созмони Милал дар шаҳри Женева, гузориши давлати Тоҷикистонро дар бораи риояти ҳуқуқи маданӣ ва шаҳрвандӣ баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG