Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Модари тоҷикро дубора ба назди фарзандонаш роҳ доданд


Мақомоти Федеролии муҳоҷирати Русия Ҳикоят Раҳматуллоева як модари тоҷикро, дубора иҷозаи вуруд ба қаламрави Русия дод ва ӯ тавонист пас аз 6 моҳи маҳрумият ба дидори се кӯдаки ноболиғаш расид. Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон 16 август иттилоъ дод, ки мақомоти муҳоирати Русия бо назардошти таи ним сол се тифли бепарастор монда Ҳикоят Раҳматулоеваро иҷозат дод, то аз Қазоқистон вориди шаҳри Самара шавад.

Дустмурод Умаров, мудири бахши қабул ва маслиҳатдиҳии Хадамоти муҳоҷират мегӯяд, ки мақомоти Федеролии муҳоҷирати Русия муроҷиатномаи Ҳикоят Раҳматуллоеваро бо дар назардошти сарнавишти се фарзанди ноболиғаш, ки дар шаҳри Самар бепарастор буданд иҷоза дод, ки дубора ба назди фарзандонаш баргардад.

Ҳикоят Раҳматуллоева ба хотири дарёфти қайди 3 моҳа, 24 апрели соли 2013 ба тарафи Қазоқистон убур мекунад ва ҳангоми бозгашт аз тарафи марзбонони Русия ба Қазоқистон боз пас гардонда мешавад ва бо ҳамин аз фарзандонаш ҷудо мешавад.

Вай аз моҳи апрел ба ин тараф талош мекунад, ки ба назди пайвандонаш баргардад вале мувафақ намешавад ва баъд аз ин вай Хадамоти муҳоиратро дар ҷарён мегузорад. Бо расидагии хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мақомоти Русия ин зани тоҷикро дубора ба хоки ин кишвар роҳ додаст.
XS
SM
MD
LG