Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Онишенко: Русия бо Украина "ҷанги тиҷоратӣ" оғоз накардааст


Украина воридоти ғаллаи Русия ба қаламрави худро мамнуъ эълон кард. Ин кишвар аслан ғаллаи худро аз Русия мегирифт. Ин дар ҳолест, ки Русия барои воридоти ҳамаи молҳои Украина маҳдудият ҷорӣ кардааст.

Шоми рӯзи панҷшанбе Хадамоти байторӣ ва беҳдоштии Украина эълон кард, ки воридоти ғалларо аз Сибир, Шимоли Қафқоз ва манотиқи федеролии ҷануби Русия ба сабаби бемориҳои пой ва даҳон боздоштааст.

Чанд соат пеш аз пахши ин эъломия Русия молҳои Украинаро баъд аз тафтишҳои пайдарҳам дар посгоҳҳои гумрукии худ ба Украина баргардонд. Федератсияи кордиҳандагони Украина эълон кард, ки Русия ҳамаи молҳои тавлиди Украинаро ба феҳристи молу колоҳои ғайри қобили эътимод дохил кардааст.

Рӯзи ҷумъа Геннадий Онишенко-раиси “Роспотребнадзор”-и Русия гуфт, ки кишвараш бо Украина “ҷанги тиҷоратӣ” оғоз накардааст, то Украинаро водор созад, ки аз қарордодҳои худ бо Иттиҳодияи Аврупо дар бораи тиҷорати озод даст кашад.
XS
SM
MD
LG