Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон кишвари озмоишии энержӣ


Ребека Гринспан муовини дабири кулли СММ ҷв муовини мудири Барномаи рушди СММ, ки барои ширкат дар Конфронси байналмилалии об ,ба Тоҷикистон ташриф овардааст, дар мулоқоташ бо президент Эмомалӣ Раҳмон аз қабули ин кишвар ба барномаи пилотии "Энергияи устувор" хабар дод.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон 16 август иттилоъ дод, ки муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Ребека Гринспан бо ишора ба мушкилоти Тоҷикистон бо таъмини барқ таъкид кардааст, ки барои татбиқи иқдоми СММ дар мавриди “Энергияи устувор барои ҳама” Тоҷикистон аз ҷумлаи кишҳварҳои пилотӣ (озмоишӣ) пазируфта шудааст.

Бо назардошти ин, намоянадаи баландпояи СММ изҳори умедворӣ кардааст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонии худро барои бартараф намудани буҳрони энержӣ дар Тоҷикистон дареғ намедорад. Дар назар аст, ки дар конфронcи масоили об дар Душанбе ҳафт муовини Дабири кулли СММ ва мутахассисону коршиносони он ширкат хоҳанд кард. Дар конфронси байналмилалии доир ба об беш аз 900 нафар сиёсатмадорон ва олимону коршиносони бахшҳои гунгогуни вобаста ба об ва ҳифзи муҳити зист аз 70 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ширкат хоҳанд дошт.
XS
SM
MD
LG