Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интригаи интихобот аз нигоҳи ҷавонон


Раъйдиҳӣ дар интихоботи порлумонии соли 2010 дар Тоҷикистон.
Раъйдиҳӣ дар интихоботи порлумонии соли 2010 дар Тоҷикистон.

Ҷавонони тоҷик мегӯянд, ба шахсе раъй хоҳанд дод, ки мушкилоти ҷавононро дарк ва роҳҳои ҳалли онҳоро пайдо кунад.

Тоҷикистон дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ қарор дорад. Кумиссиюни Марказии интихобот ва райдиҳии Тоҷикистон шумораи ҷавононеро, ки соли ҷорӣ дар интихобот бори аввал ширкат мекунанд, танҳо баъд аз элони рӯзи баргузории интихобот дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ дақиқ хоҳад кард. вале ҷавононе, ки то он рӯз ба синни 18 мерасанд, ҳақи ширкат дар интихоботро хоҳанд дошт.

Ҳатто ононе бори аввал пой бар остонаи ҳавзаҳои райдиҳӣ хоҳанд гузошт, ки ба синни 20 ва 21-солагӣ расидаанд ва ҳамсини истиқлоли Тоҷикистон мебошанд. Ин гуна ҷавонон шояд танҳо бо ҳаёти чанд соли ахири кишвари худ ошноӣ доранд, вале аз ин синну сол дар бораи ояндаи зиндагии Тоҷикистон дидгоҳҳои худро доранд.

Онҳо дар ҳафт соли раёсати президенти оянда чун нируи тоза вориди арсаҳои муҳими ҳаёти кишвар мешаванд ва то андозае заминаи рушди баъдии кишварро хоҳанд гузошт. Ин ниру дар интихоботи моҳи ноябр барои чӣ раъй медиҳад ва то чӣ андоза раъйи худро барои ояндаи кишвараш муҳим мешуморад? Раиси ҷумҳури ояндаро чӣ гуна дидан мехоҳад? Чӣ душвориҳое дар роҳи равнақи маҳорати ҷавон дар ҷомеаи имрӯз мушоҳида мешавад ва онро чӣ тавр метавон бартараф кард?

Дар мизи гирди видеоии Pадиои Озодӣ донишҷӯён Фарангиси Фармон, Бобуршоҳ Мирзоев ва таҳлилгари умури ҷавонон Фирӯз Баротов ҳангоми посух ба ин суолҳо дидгоҳҳои худро баён доштаанд. Ин намоишро бубинед ва агар Шумо низ мехоҳед, андешаеи худро баён намоед, гӯшаи шарҳҳои ин торнамо дар ихтиёратон гузошта мешавад.

Ҷавонон ва интихоботи президентии Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:18:39 0:00
XS
SM
MD
LG