Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ширкати варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои осиёии наврасон дар Чин


Варзишгарони тоҷик барои ширкат дар Бозиҳои осиёии наврасон шоми 15-уми август ба Чин рафтанд.

Варзишгарони тоҷик барои ширкат дар Бозиҳои осиёии наврасон шоми 15-уми август ба Чин рафтанд.

Имруз, 16-уми август, дар шаҳри Нанҷинги Чин Бозиҳои дувуми осиёии наврасон шуруъ мешаванд.

Маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои олимпии наврасон дар Нанҷинг шоми ҷумъа доир хоҳад шуд. Паҳлавони ҷавони тоҷик Фаррухи Салим, қаҳрамони Бозиҳои наврасони «Бачаҳои Осиё-2012», парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон аст.

Варзишгарони тоҷик барои ширкат дар Бозиҳои осиёии наврасон шоми 15-уми август тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе-Урумчӣ-Нанҷинг ба Чин омаданд.

Ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон 9 варзишгар (5 писар ва 4 духтар) ва 4 мураббӣ шомиланд. Дар ин бозиҳо варзишгарони тоҷик дар 4 ришта – вазнабардорӣ (1 писар), варзиши сабук (1 писару 1 духтар), дзюдо (3 писару 2 духтар) ва шиноварӣ (1 писар) рақобат хоҳанд кард.

Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва раҳбари ҳайати варзишии кишвар, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, «ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон, инчунин, 3 варзишгару як мураббӣ дар риштаи тирпаронӣ шомил буданд. Вале мутаассифона, пеш аз сафари ҳайати варзишии мо ба Нанҷинг ширкати хавопаймоии Чин барои ворид намудани аслиҳаи варзишӣ - туфангчаву милтиқ ба ин кишвар иҷоза надод.»

Ба гуфтаи ҷаноби Раҷабалиев, ин бозиҳо барои варзишгарони ҷавони тоҷик як навъ санҷишест пеш аз Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон, ки моҳи августи соли 2014 дар Нанҷинги Чин баргузор мешаванд.

Нанҷинг пойтахти устони Чёнгсу дар Чин ва шаҳри бисёр боаҳаммият дар таърих ва фарҳанги Чин аст. Нанҷинг дар давраҳои мухталифи таърихӣ пойтахти Чин будааст ва ӯ ба унвони яке аз чаҳор пойтахти бостонии бузурги Чин шумурда мешавад.

Ҷумҳурии Чин, ки танҳо Тайван ва захираҳои атрофи онро контрол мекунад, онро ба унвони пойтахти расмии худ ба расмият мешиносад. Ин шаҳр дар минтақаи иқтисодии соҳили рӯди Янгтиса бунёд шудааст. Ва ҳамеша яке аз муҳимтарин шаҳрҳои Чин будааст. Дар тӯли таърих ба унвони яке аз марокизи миллии таҳсилот, таҳқиқ ва нақлиёт будааст.

Дар минтақаи Чини Шарқӣ ин шаҳр аз лиҳози марказияти тиҷорӣ дувум аст ва танҳо Шанхай аз он болотар аст. Ҷёнг Ҳукун шаҳрдори кунунии ин шаҳр аст ва Лу Жижу дабири кумитаи Нанҷинги ҳизби коммунисти Чин аст. Маҷмуан беш аз 8 миллион нафар дар ин шаҳр зиндагӣ мекунанд ва 4598 километри мураббаъ масоҳат дорад.

Ин шаҳри бостонии Чин имрӯз маркази бузургтарин мусобиқоти қораи Осиёи миёни наврасон гардидааст. Мардуми меҳмоннавози Чин варзишгарони навраси 45 кишварро бо мураббиёну раҳбарони ҳайатҳои варзишӣ гарму ҷӯшон истиқбол мекунанд. Барои меҳмонон мизбонон тамоми шароити заруриро фароҳам сохтаанд.

Варзишгарону мураббиёни тоҷик дар деҳаи бозиҳо ба сар мебаранд. Рӯзи шанбеи 17-уми август мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳо шуруъ мешаванд. Аз ҷараёни сабқати варзишгарони тоҷик хабарнигори Радиои Озоди хабару гузоришҳо таҳия хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG