Пайвандҳои дастрасӣ

Руасои ҷамоҳири туркзабон дар Қабала мулоқот карданд


Руасои ҷамоҳири кишварҳои туркзабон Озарбойҷону Қазоқистон ва Қирғизистону Туркия дар ҷараёни мулоқоти худ дар Қабалаи Озарбойҷон эълон карданд, ки равобити худро таҳким мебахшанд.

Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон даъват кард, ки ҳамкориҳои тиҷоратии миёни ин кишварҳо равнақ ёбад ва дар бахшҳои ҷаҳонгардиву мухобироти муштарак талошҳо ба харҷ дода шавад.

Алмазбек Атамбоев-раиси ҷумҳури Қирғизистон пешниҳод кард, ки миёни Туркия ва Қошғари Чин роҳи оҳан сохта шавад ва ин роҳ аз Осиёи Миёна бигзарад.

Илҳом Алиев-раиси ҷумҳури Озарбойҷон дар бораи аҳамияти тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои энержӣ, маодан ва нақлиёт изҳори назар кард.

Чаҳор раиси ҷумҳур имкон ва заминаҳои иҷоди минтақаи озоди тиҷоратии байни ин кишварҳоро баррасӣ карданд.

Ҳоло раёсати давраии созмони кишварҳои туркизабон аз Қирғизистон ба Озарбойҷон гузашт. Ин созмон соли 2009 ташкил шуда буд. Узбакистону Туркманистон ба узвияти он надаромаданд.
XS
SM
MD
LG