Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳуроти густурдаи "Ихвонулмуслимин" дар Миср


Гурӯҳи "Ихвонулмуслимин" дар Миср аз ҷонибдорони худ хостааст, ки ба кӯчави хиёбонҳо бирезанд. Ин гурӯҳ дархост кардааст, ки чунин кор зери шиори “ҷумъаи ғазаб” анҷом бигирад. Ин дар ҳолест, ки манобеи расмӣ шумораи кушташудагонро бештар нишон додаанд ва мегӯянд, ки 620 нафар кушта шудаанд, ки бештари онҳо ғайринизомиён мебошанд.

Дар бахши дипломатӣ талошҳо барои хотима додан ба нооромӣ идома дорад. Шӯрои Амнияти СММ аз Миср хостааст, ки “ҳадди аксар” хештандорӣ нишон диҳанд ва баъд аз барканории Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳури исломгаро “муросои миллӣ”-ро қабул кунанд.

Дар ин бора Шӯрои Амнияти СММ баъд аз ҷаласаи изтирории худ изҳороте пахш кард.
XS
SM
MD
LG