Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати 191 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ


Мақомоти Тоҷикистон аз зиёд шудани садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо изҳори нигаронӣ кардаанд. Танҳо давоми ҳашт моҳи имсол 596 адад сдамаҳои нақлиётӣ сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 дарсад зиёд аст. Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар натиҷаи ҳодисаҳои мазкур 191 нафар ба ҳалокат расидааст ва ин шумора аз соли гузашта 17 нафар бештар аст. Ин ниҳод бо нигаронӣ аз афзоиши садама дар кишвар хабар медиҳад, ки дар натиҷаи садамаҳои нақлиётии рухдода 655 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 шумораи садамаҳо 3,5 дарсад, ҳалокшудагон 9,8 дарсад ва ҷароҳатбардоштагон 6,2 дарасд афзоиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG