Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқро ба Афғонистон бештар мекунад ва дар иваз Афғонистон ба Тоҷикистон гази табиӣ хоҳад фиристод. Аммо барои ин бояд лӯла сохта шавад.

Мақомоти ду кишвар тасмим гирифтанд, дар қатори тарҳҳои пешина, аз ҷумла хатти барқи CASA-1000 миёни Қирғизистону Тоҷикистон ва Афғонистону Покистон, як хатти дигари барқи 220 кВ аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва ҳам хатти барқи 500 кВ-и аз Тоҷикистон тариқи Афғонистон ба Эронро бунёд кунанд.

Ҳамзамон дар мулоқоти ҳайатҳои ду ҷониби таҳти сарварии вазири саноат ва энергетикаи Тоҷикистон Шералӣ Гул ва вазири молияи Афғонистон Ҳазрат Умари Зохилвол бори нахуст аз тарҳи лӯлаи гази Шибирғон – Хайратон - Шаҳритус – Сарбанд сухан рафт. Ин тарҳ барои Тоҷикистон дар пасманзари қатъи интиқоли газ аз Узбакистон ҳаётан муҳим шумурда мешавад.



Абдулғафури Орзу, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, ки дар ин мулоқот ширкат дошт, мегӯяд, ҳарду ҷониб гуфтаанд, ки ба сохтмони ин лӯлаи газ манфиатдоранд: “Ин газ бояд маҷрои худро пайдо кунад ва дигарбора ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон содир бишавад. Марбут ба тасмими ҷониби Афғонистон аст. Он чӣ, ки мусаллам ва собитшуда аст, дӯстии Тоҷикистону Афғонистон аст. Дар сурате, ки Афғонистон газе барои содирот дошта бошад, бештар аз ниёзмандии мардумаш, бидуни тардид барои Тоҷикистон дареғ намедорад. Баробари он, ки созишнома ба имзо расад, кори хеле осон аст, ки барои табдили лӯлаҳои гази қаблӣ дар ҳудудҳои Афғонистон ҳарду кишвар иқдом хоҳанд кард”

Шибирғон, маркази маъмурии вилояти Ҷузҷон, муҳимтарин минтақаи газхези шимоли Афғонистон аст, ки захираҳояш дар замони Шӯравӣ ҳудуди 67 миллиард метри мукааб ҳисоб шуда, истеҳсолаш ҳам соли 1967 оғоз ёфта буд. Он сол ҳукумати Шӯравӣ аз Шибирғон то Келифи Туркманистон як лӯлаи гази 100 – километра сохт. Тариқи он то соли 1990 гази Афғонистон ба Узбакистону Тоҷикистон интиқол меёфт. Ҳамчунин як бахши ин газ барои истеҳсоли барқ дар Фабрикаи нуриҳои минералии Мазори Шариф ва худи шаҳри Шибирғон истифода мешуд.

Мутахассисони Афғонистон мегӯянд, ин захираҳо ҳоло хеле коҳиш ёфтаанд ва дар ҳоли кашф накардани конҳои нав содирот ба кишварҳои ҳамсоя имконнопазир мегардад.

Иззатулло Омид, хатмкардаи Донишгоҳи нафту гази Маскав дар замони Шӯравӣ, ҳоло ректори Донишгоҳи политехникии Кобул мегӯяд: “Собиқ ба Шӯравӣ маъдани кони Хӯҷа Гӯгирдак содир мешуд, ки 46 миллиарди мукааб газ дошт ва ҳоло чоҳҳо об баровардаанд. Ба фабрикаи барқи Мазори Шариф ҳам аз ҳамин ҷо газ медоданд. Барои ин фабрика баъдтар гази кони Ҷарқудуқро истифода мекарданд. Ин кон ҳам дар ҳоли тамом шудан аст. Дигар конҳо ҳастанд, аз қабили Ҷангалак, Оски Ҷумъа, Чиқчӣ, Бошикут, ки мутолааоти бештарро мехоҳанд. Аз баъзеи инҳо мо интизори захоири бештарро дорем”

Баррасии лӯлаи гази нав аз Афғонистон дар ҳолест, ки Тоҷикистон соли равон пурра аз гази Узбакистон маҳрум шуд. Ҳамсоякишвари ғарбии Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ беш аз 1 миллион метри мукааб газ медод ва соли 2012 ин миқдор ба 200 ҳазор мукааб ва ҳатто камтар аз он поин омад.

Дар суҳбат бо “Озодӣ” масъулини “Тоҷикгаз”, ширкати масъули воридот, коркард ва истеҳсоли газ дар Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳанӯз аз ҳар манбаи воридоти газ аз хориҷ умедвор ҳастанд. Аҳмадбек Идиев, муовини раиси “Тоҷикгаз”, масъули тарҳи лӯлаи гази Шибирғон-Хайратон-Шаҳритӯс-Сарбанд мегӯяд, ҳадафи ширкат танаввуи манбаъҳои воридоти газ ба Тоҷикистон аст, ки яке аз тарҳҳо ҳам лӯлаи газ аз Афғонистон хоҳад буд: “Таъминоти алтернативӣ дар кадом ҳолате, ки бошад, набошад, ба мо фоида дорад. Якум масъала ҳам ин аст, ки тибқи қавонини энергетика, рақобат далели рушди босуботи бозор аст ва мо барои энергетикаи устувор бояд алтернативаҳоро пайдо кунем”

Тоҷикистон дар гузашта имкониятҳои интиқоли газ тариқи Афғонистон аз Туркманистонро ҳам ба баррасӣ гирифта буд, ки бино ба гуфтаи масъулон, баррасиҳояш ҳанӯз идома доранд. Гази дохилии Тоҷикистон аз сӯи ду ширкати хориҷӣ-“Газпром”-и Русия ва “Тетис-Петролиум”-и Канада иктишоф мешавад, аммо ваъдаҳои истихроҷи он аз сол ба сол кӯч мекунанд.

Мақомоти Афғонистон ва Тоҷикистон бар инанд, ки фаъолшавии лӯлаи гази Шибирғон-Сарбанд дар ҳарду кишвар заминаҳои эҷоди зерсохторҳои газиро фароҳам меорад. Ин тарҳ он қадар арзон ҳам нахоҳад буд, чун аз ҳоло 300 миллион доллар ҳадс зада мешавад ва ба қавли сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, пас аз имзои Созишнома дар фикри пайдо кардани сармоягузорон хоҳанд шуд, чун тарҳест муфид ҳам барои сармоягузор ва ҳам мардуми ду кишвар.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG