Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Миср "набард бо терроризм"-ро идома медиҳад


Рӯзи панҷшанбе бар асари ҳамлаҳои ҷонибдорони раисиҷумҳури барканоршуда Муҳаммад Мурсӣ дар шаҳрҳои Ал-Ариш ва Ассиут дасти кам 7 низомӣ кушта ва панҷ тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар Қоҳира садҳо нафар ба бинои ҳукумати вилояти Гиза, ки ба ҳайати Қоҳираи бузург шомил аст, ворид шуданд ва онро оташ заданд.

Ба иттилои расмӣ, теъдоди қурбониёни бархӯрдҳои ду рӯзи ахир ба 525 нафар расид. Беш аз севу ним ҳазор нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Шоми панҷшанбе ҳукумати муваққати Миср изҳор намуд, ки муқовимат ба ҳамлаҳои террористии ҷунбиши “Ихвон-ул-муслимин”-ро идома медиҳад. Аз ин пеш вазорати умури дохили Миср ҳам эълом дошт, ки нерӯҳои амниятӣ ба хотири дифоъ аз худ ба ҳама гуна ҳамлаҳо ба муассисаҳои давлатӣ ва маъмурӣ бо оташ ҷавоб хоҳанд гуфт.
XS
SM
MD
LG