Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил як шаҳрвандашро ба Боснӣ истирдод кард


Исроил шаҳрвандаш Александр Тсветковичро ба Боснӣ истирдод кард. Александр Тсветкович дар наслкӯшӣ дар робита ба ширкати эҳтимолияш дар куштори дастаҷамъии мусалмонҳо дар шаҳри Сребренитса дар соли 1995 айбдор мешавад.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, Тсветкович, серби Боснӣ ва шаҳрванди Исроил, моҳи январи соли 2011 бо дархости полиси байнулмилалӣ боздошт шуд. Ӯро ба он хотир аз шаҳрвандии Исроил маҳрум накарданд, ки аз хонуми яҳудияш соҳиби чанд фарзанд шудааст.

Ба иттилои вазорати адлия, барои нахустин бор Исроил шахсеро истирдод кардааст, ки дар наслкӯшӣ муттаҳам мешавад. Қарор аст, ки Александр Тсветкович дар Сараево аз сӯи додгоҳи вижае муҳокима шавад, ки парвандаҳои марбут ба ҷиноёти низомӣ дар қаламрави Югославияи собиқро баррасӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG