Пайвандҳои дастрасӣ

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, хушунат алайҳи мардуми осоишта дар Мисрро маҳкум кард ва гуфт, ки ин кишвари арабӣ вориди масири басо хатарборе шудааст. Ӯ ҳамчунин дар бораи тасмими лағви машқҳои муштараки низомии Амрикову Миср хабар дод.

Сарвари ИМА, ки айни ҳол дар рухсатӣ дар аёлати Массачусетс қарор дорад, рӯзи панҷшанбе аз аъмоли ҳукумати муваққат ва нерӯҳои амниятии Миср интиқод кард. Барак Обама гуфт, ки кишвараш ба арзишҳои умумибашарие чун эҳтироми шаъну шарафи инсон ва ҳаққи эътирози мусолиматомез арҷ мегузорад. Ҳамзамон раисиҷумҳури Амрико дар бораи мутаваққиф кардани кӯмаки низомии ҳарсола ба миср ба маблағи як миллиарду 300 миллион доллар ҳарфе назадааст.

Рӯзи панҷшанбе раҳбари Идораи ҳуқуқи башари СММ Нэвӣ Пиллай аз ҷонибҳои даргир дар Миср даъват намуд, ки аз хуштандорӣ кор бигиранд. Ӯ талаб кард, ки ҳамлаи полиси Миср ба ҷонибдорони ҷунбиши “Ихвон-ул-муслимин” тафтиш карда шавад.

Аз ин пеш Иттиҳодияи Аврупо, Туркия ва Эрон ҳам хушунат дар Мисрро маҳкум карданд. Туркия даъват намуд, ки авзоъ дар Миср оҷилан дар нишасти Шӯрои амнияти СММ баррасӣ шавад.
XS
SM
MD
LG