Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Достони шаҳрвандони кишваре, ки дигар вуҷуд надорад


Ҳанӯз ҳам бархе аз сокинони Тоҷикистон худро шаҳрванди Шӯравии пешин медонанд ва намехоҳанд, шиносномаи нав гиранд.

Ҳар боре ки Ҳанифа Ашӯрова, сокини 52-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ, дафтарчаи сурхеро, ки рӯяш герби досуболғадор ва калимаи «СССР» чоп шудааст, ба даст мегирад, ба дилаш гармие медамад. Вай мегӯяд, сӣ соле, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ зистааст, беҳтарин давраи ҳаёташ аст ва ин шиноснома рамзи он зиндагист.

Холаи Ҳанифа то ҳол худро шаҳрванди Иттиҳоди Шӯравӣ медонад ва шаҳрвандии Тоҷикистонро қабул надорад. Ӯ мегӯяд, СССР кишваре буд, ки шаҳрвандонаш мардикорӣ намекарданд, сатҳи зиндагии мардумаш хуб буд, писарҳо дур аз падару модар набуданд, адлу инсоф барқарор буд ва ҳама аз ҳаёти худ розӣ буданд. Аз ин рӯ ба шарте шаҳрвандии Тоҷикистонро қабул мекунад, ки он низ мисли СССР шавад: «Мисли пешин писарҳо Русия кор кардан нараванд. Дар ватани худашон кор кунанд. Масалан, писари худам аз Росия бемор омад дар беморхона аст. Сарсону саргардонем».

Сарнозири Хадамоти шиносномадиҳии назди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Давлатбӣ Бердиева дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ мавҷудияти шиносномаҳои СССР дар дасти шаҳрвандонро тасдиқ кард, аммо гуфт, шумораи онҳо дақиқ нашудааст.

Эҳтимол меравад, ин шумора то аз 100 то 300 ҳазор нафар бошад, аммо теъдоди онҳое, ки аз рӯйи ғоя ва ва бино бар дилбастагияшон ба СССР ин шиносномаро иваз намекунанд, шояд ангуштшумор бошад. Бисёриҳо табдили шиносномаро харҷи зиёдатӣ мешуморанд ва баъзеҳо ҳам бар инанд, ки зарурате барои гирифтани санади нав надоранд.

Хадича Эшниёзова, сокини 40-солаи ноҳияи Шӯрообод дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, борҳо аз шавҳараш хост, барояш шиносномаи нав бигирад, аммо чун дид, ки дар ҳоли ҳозир ин шиноснома чизеро дигар намекунад, ба тақдир тан дод: «Худам мехоҳам, аммо чӣ кор кунам, ки аз хона намебарояму ба ҷое намеравам ва намеоям. Шавҳарамро гӯям, мегӯяд, ба ту паспорт чӣ лозим, аз хона набароӣ?»

Аммо ин хонум муътақид аст, ки бо пеш омадани зарурат, мисли сафар ба хориҷа ё омода кардани ҳуҷҷатҳо барои нафақаи бознишастагӣ шиносномаи нав хоҳад гирифт.

Зимнан гуфта мешавад, беш аз ҳама бознишастагон ва сокинони солманди деҳоти дурафтода шиносномаи СССР-ро ҳифз кардаанд. Инчунин қисме аз сокинони дар навоҳии наздик ба марзи Узбакистон, ки миллаташон узбак буда, ҳанӯз дар бораи шаҳрвандии худ тасмими ниҳоӣ нагирифтаанд, бо шиносномаҳои куҳна мегарданд. Мутмаинан мешавад гуфт, беш аз ҳама занон дар Тоҷикистон аз рӯйи аснод ба ҳайси шаҳрвандони кишваре боқӣ мондаанд, ки дигар дар харитаи ҷаҳон вуҷуд надорад. Зеро усулан кам мешавад, ки ба номи онҳо хонаву мошин ё дигар ҷиҳоз номнавис шавад.

Агар бархе аз онҳо ҳифзи шиносномаҳои СССР-ро ба пеш наомадани ниёзи табдили ин санади асосӣ бастагӣ медиҳанд, бархе ҳам мисли холаи Ҳанифа дар як гӯшаи дилашон бовар доранд, ки рӯзе он мамлакат дубора барқрор мешавад ва ин шиносномаи «сурх» ба кор меояд.

Бино бар фармони вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз соли 1996 инҷониб шаҳрвандон бояд шиносномаҳояшонро иваз мекарданд. Сарнозири Хадамоти шиносномадиҳии назди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Давлатбӣ Бердиева мегӯяд: «Барои сари вақт иваз накардани шиноснома, ки тибқи қарори ҳукумат аз соли 1996 инҷониб амал мекунад, шаҳрвандон ба андозаи як маоши ҳадди ақал ҷарима мешаванд.»

Истисное дар ин фармон вуҷуд дорад, ки ҷаримаи нафақахӯрон ва шахсони маъюб камтар аст.
XS
SM
MD
LG