Пайвандҳои дастрасӣ

Муттаҳам бо куштори Политковская маҷрӯҳ шуд


Афроди ношинос шахси муттаҳам бо даст доштан дар куштори рӯзноманигори рус Анна Политковскаяро бо истифода аз силоҳи оташфишон маҷрӯҳ намудаанд.

Рӯзи панҷшанбе дар Маскав Мурод Мусоев вакили мудофиаи Ҷабраил Маҳмудов гуфт, фарди зерҳимояаш шаби чоршанбе аз пояш тир хӯрд ва ҳоло баъди ҷарроҳӣ ҳоли ӯ муътадил арзёбӣ мешавад.

Полиси Маскав изҳороти Мусоевро тасдиқ намуда, афзудааст, ки ҳамла дар истгоҳи метро ба вуқӯъ пайваст. Муҳокимаи Маҳмудов ва чор нафари дигар мебоист рӯзи панҷшанбе дар Маскав идома ёбад.

Анна Политковская-хабарнигори рӯзномаи Новая газета, ки бо гузоришҳояш дар бораи хилофкориҳои гурӯҳҳои силоҳбадасти рӯ ба Маскав дар Чеченистон машҳур буд, 7-уми октябри соли 2006-ум дар назди хонааш дар маркази Маскав ба қатл расидааст.
XS
SM
MD
LG