Пайвандҳои дастрасӣ

Дарёфти ҷасади 3 шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия


Субҳи имрӯз панҷшанбеи 15-уми август дар гузаргоҳи Семеновски Маскав ҷасади 3 кормандро ёфтаанд, ки гуфта мешавад ҳарсе шаҳрвандони Тоҷикистонанд.
Дар ин бора хабаргузориҳои русӣ ба нақл аз вазорати ҳолатҳои изтирории ин кишвар навиштаанд, ин се коргар дар чоҳи партовгоҳ ҳангоми кор аз гази ғализ ба ҳалокат расидаанд. Намояндаи хадамоти муҳоҷирати Тоҷикисон дар Русия таъид кардаанд, ки кормандони ҳалок шуда шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Ба гуфти манбаъ, инҳо Хонов Ҳокимшо Бузмакович соли тавалудаш 1968, Атоев Абдумалик Саломович соли таваллудаш 1962 ва Сиддиқов Исмоил Дустмуродович соли таваллудаш 1967, ҳамагӣ сокинони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон будаанд, ки дар ҶСК «СБиУ-1» ширкати роҳтозакуни қисми шарқии шаҳри Маскав кор мекарданд.
XS
SM
MD
LG