Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳиндустон ба Покистон ҳушдор дод


Сарвазири Ҳиндустон Манмоҳан Сингҳ дар назди муҷассамаи Маҳатма Гандӣ гулчанбар мегузорад
Сарвазири Ҳиндустон Манмоҳан Сингҳ дар назди муҷассамаи Маҳатма Гандӣ гулчанбар мегузорад
Сарвазири Ҳиндустон Манмоҳан Сингҳ дар паёме ба муносибати рӯзи истиқлоли кишвараш ба Покистони ҳамсоя ҳушдор дод.

Рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Деҳлии Нав Сингҳ гуфт, барои беҳбуд ёфтани равобити Ҳиндустон бо Покистон Исломобод бояд имкон надиҳад, ки қаламрави ин кишвар ва минтақаҳои зери назорати Исломобод ба фаъолиятҳои зиддиҳиндӣ истифода шаванд.

Ҳафтаи гузашта Ҳиндустон нерӯҳои покистониро бо куштори панҷ низомии ҳиндӣ дар қаламрави Кашмир муттаҳам кард.

Баҳсҳои ахири Ҳиндустону Покистон рӯи назорати Кашмир умедвориҳо дар бораи эҳёи музокироти сулҳи ду кишвари дорои силоҳи ҳастаиро барбод медиҳад.

Ҳиндустон 15-уми августи соли 1947 аз мустамликаи Британия раҳо шудааст. Покистон 14-уми августи соли 1947-умро ҳамчун рӯзи истиқлолаш арзёбӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG