Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шумораи қурбониҳо дар Миср ба 421 нафар расид


Ҷасадҳои қурбониҳои амалиёт дар Қоҳира

Ҷасадҳои қурбониҳои амалиёт дар Қоҳира

Вазорати беҳдошти Миср изҳор намуд, ки шумораи қурбониҳои амалиёти таъқиби тарафдорони президенти барканоршудаи Миср Муҳаммад Мурсӣ, ки рӯзи чоршанбе оғоз ёфтааст, ба 421 нафар баробар шуд.

Ҳамчунон дар ин амалиёт камаш 3000 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Вазорати умури дохилии Миср мегӯяд, дар ин амалиёт 43 афсари полис ба ҳалокат расидаанд.

Рӯзи чоршанбе амалиёти поксозии майдонҳои шаҳри Қоҳира аз тарафдорони исломгарои президенти барканоршуда Муҳаммад Мурсӣ боиси хушунат дар саросари Миср шуд.

Дар ин байн рӯзи панҷшанбе сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон бори дигар даъват кард, ки ҷаласаи изтирории Шӯрои Амнияти СММ бахшида ба вазъи Миср доир гардад.
XS
SM
MD
LG