Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Агроинвестбонк" Шӯрои нозирони худро пурра иваз кард


Дар ҳоле, ки "Агроинвестбонк" ба нишасти навбатии ҷаласаи Шӯрои нозирони худ омодагӣ мебинад чанде пештар ин бонк ҳайати Шӯрои нозирони худро пурра иваз кард. Аз «Агроинвестбонк» хабар доданд, ки дар маҷлиси ғайринавбатии умумии саҳомони ҶСК «Агроинвестбонк» мушовири давлатии президенти Тоҷикистон Фаррух Ҳамралиев, раиси Шӯрои нозирони бонк ва Ҷамолиддин Нуралиев, домоди президент, ки муовини аввали вазири молияи кишвар мебошад, узви нозирони Бонк интихоб шуданд. То ин вақт собиқ вазири хориҷаи Тоҷикистон Талбак Назаров вазифаи раиси Шӯрои нозирони "Агроинвестбонк"-ро бар дӯш дошт. Ҷаласаи ахири Шӯрои нозирони бонк дар моҳи июни соли равон баргузор шуда буд ва дар он дар бораи интихоби номзадии аудитории берунаи Бонк барои соли молиявии 2013, оиди ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба Оинномаи ҶСК «Агроинвестбонк» ва ғайраҳо, мавриди баррасӣ қарор дода шуда буд. Шӯрои нозирони "Агроинвестбонк" аз панҷ нафар иборат мебошад, ки аъзои дигари он иқтисоддонҳои дигар Муродасен Худоиев, Муҳаммадӣ Бобоев ва Марал Амрина мебошанд.
XS
SM
MD
LG