Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроилу фаластиниён ба музокирот идома доданд


Рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Байтулмуқаддас даври дуввуми музокироти мустақими сулҳ миёни Исроилу Фаластиниён баргузор шуд. Гуфтугӯҳо дар маҳалли номаълуме дар ин шаҳр сурат гирифт. Моҳи гузашта баъд аз се соли таввақуф, ду тараф бо миёнҷигарии Иёлоти Муттаҳида дар шаҳри Вашингтон музокиротро аз сар гирифтанд. Гуфтугӯҳо дар бораи хотима додан ба муноқиша миёни Исроилу Фаластиниён соли 2010 бинобар тавсиаи шаҳракҳои яҳудинишин дар сарзаминҳои ишғолӣ муттавақиф шуд. Исроил шаби сешанбе 26 зиндонии фаластиниро ба хотири аз сар гирифтани музокирот озод кард ва қавл додааст, дар маҷмӯъ бо назардошти пешрафт дар музокирот 104 маҳбуси фаластиниро раҳо мекунад. Исроил ҳамчунин дар остонаи музокирот бо эълони ин ки дар Байтулмуққадаси Шарқӣ ва Канораи Ғарб 3100 хонаи нав хоҳад сохт, фаластиниёнро ба хашм овард.
XS
SM
MD
LG