Пайвандҳои дастрасӣ

Далели нави вакилони Бредли Манинг дар додгоҳ


Вакилони як сарбози амрикоӣ, ки ба ифшои асрори давлатӣ аз тариқи Викиликс муттаҳам мешавад, мегӯянд, ки ӯ ҳангоми ин кораш гирифтори фишори равонӣ будааст. Вакилони Бредли Манинг рӯзи чаҳоршанбе дар додгоҳи Мериленд гуфтанд, ки ӯ ҳангоми хидмат дар Ироқ худро дар яккаву танҳо эҳсос карда ва мушкилоти ташхиси ҷинсият доштааст. Майкл Ворсли табиби равоншинос, ки Бредли Манингро аз моҳи декабри соли 2009 то моҳи майи соли 2010 табобат кардааст, дар додгоҳ шаҳодат дод, ки Бредли Манинг ба ӯ як акси худаш бо либосу ороиши занонаро фиристодааст. Ба гуфтаи вакилони Манинг, раҳбарони ин сарбоз бо назардошти бемориву мушкилоти равонии ин сарбоз намебоист иҷоза медоданд, ки ӯ ба иттилооти махфӣ дастрасӣ дошта бошад.
XS
SM
MD
LG